7 марти соли 2025 маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони мусобиқаи волейбол барои дарёфти “Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе” баргузор гардид, ки дар он дастаи волейболбозони бонувони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон низ иштирок намуданд.
Мусобиқа аз 13 феврали соли равон оғоз ёфта, то 4 март идома дошт. Дар ин давра дастаи донишгоҳ бо якчанд дастаҳои пурқувват рақобат намуда, миёни 40 даста ҷойи 4-умро соҳиб гардид. Ин натиҷа дастоварди назарраси варзишгарони бонувони донишгоҳ ба ҳисоб меравад.
Дар маросими ҷамъбастӣ Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дастаи волейболбозони бонувони донишгоҳро бо диплом ва мукофоти пулӣ қадрдонӣ намуд.
Ин дастоварди варзишгарони донишгоҳ шаҳодати талошу заҳматҳои онҳо дар рушди варзиш миёни ҷавонон ва саҳми донишгоҳ дар пешбурди тарзи ҳаёти солим мебошад.