КАФЕДРАИ ФАЪОЛИЯТИ ГУМРУКӢ
Мудири кафедра: Орипов Амитабҳ Султонович – номзади илмҳои иқтисодӣ, и.в., дотсент.
Барои тамос:
Адрес: 734061, Тоҷикистон, ш.Душанбе, хиёбони Борбад 48/5, бинои 2, утоқи 52.
Тел.: (992 37) 939-55-55-77, 985-26-26-80
234-88-03
e-mail: amit-1988@mail.ru
- Маълумот дар бораи кафедра:
Кафедраи фаъолияти гумрукӣ дар омода намудани мутахассисони ҷавон аз рӯи се ихтисос 1-96010101- “Таъминоти ҳуқуқии фаъолияти гумрукӣ”, 1-96020202 – “Таъминоти иқтисодии фаъолияти гумрукӣ” ва 1-96010100 – “Хадамоти гумрук” саҳмгузор мебошад. Роҳбарии кафедраро н.и.и., и.в., дотсент Орипов А.С. ба уҳда дорад.
Кафедра аз соли 2005 фаъолият карда истодааст. То имрӯз якчанд маротиба номи кафедра иваз карда шудааст. Аз ибтидо, яъне соли 2005-ум кафедра бо номи “Гумрук ва андозбандӣ” фаъолият менамуд, баъдан солҳои 2007, 2010 ва 2017 бо қарори Шӯрои олимони Донишгоҳ номи кафедар ба кафедраи “Гумрук ва ҳуқуқ”, “Ҳуқуқи соҳибкорӣ ва гумрук”, “Гумрук ва муқовимат бо коррупсия”, “Фаъолияти гумрукӣ ва ҳуқуқ” ва тибқи қарори Шурои олимони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон аз 29 августи соли 2023 №1/9.1 бо номи кафедраи “Фаъолияти гумрукӣ” иваз карда шуд. Дар кафедра аз рӯи зиёда аз 28 – номгӯи фанҳо дарс дода мешавад. Кафедра чуноне дар боло зикр шуд мутахассисонро аз рӯи се ихтисос тайёр менамояд. Дар кафедра ҳамаи шароитҳо барои тайёр кардани мутахасиссони баландихтисос муҳайё карда шудааст. Дар назди кафедра лабараторияи гумрукӣ фаъолият дорад, ки барои ҳарчӣ хубтару беҳтар ба роҳ мондани раванди таълим ва баланд бардоштани сифати дониши гумрукии донишҷӯён мусоидат мекунад, бештари дарсҳои амалӣ дар лаборатория ва дар Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалисозии босамари низоми таҳсилоти дуалӣ дарсҳо гузаронида мешаванд, ки дар он шароитҳои зарурӣ барои тайёр намудани мутахссисони баландихтисос дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ муҳайё мебошанд. Дарсҳо бо забони тоҷикӣ ва русӣ мегузаранд.
- Ихтисосҳои кафедра 1-96010101 – “Таъминоти ҳуқуқии фаъолияти гумрукӣ”, 1-96010102 – “Таъминоти иқтисодии фаъолияти гумрукӣ” ва 1-96010100 – “Хадамоти гумрук”
Кафедраи фаъолияти гумрукӣ аз рӯи ихтисосҳои зерин мутахассисонро омода менамояд:
Ихтисоси 1-96010101 – “Таъминоти ҳуқуқии фаъолияти гумрукӣ”
Мувофиқи ин ихтисос мутахассисон барои кору фаъолият дар бахши танзими ҳуқуқии фаъолияти гумрукӣ тайёр карда мешаванд. Онҳо ҷабҳаҳои ҳуқуқии фаъолияти гумрукиро аз бар намуда, ҳамчун ҳуқуқшинос дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ адои вазифа хоҳанд кард, ҳамчунин мутахассисони ин бахш кору фаъолиятро дар самти ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ, гардиши ѓайриқонунии маводи мухадир, фаъолияти фаврӣ-ҷустуҷӯйи, таъмини ҳуқуқии гумрукӣ, таъмини амнияти иқтисодии кишвар, таъминоти низоми гумрукӣ, ҳиояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ва ҳоказоро аз бар менамоянд.
Ихтисоси 1-96010102 – “Таъминоти иқтисодии фаъолияти гумрукӣ”
Мувофиқи ин ихтисос мутахассисони фаъолияти гумрукӣ дар бахши танзими иқтисодии фаъолияти гумрукӣ тайёр карда мешаванд. Онҳо ҷабҳаҳои иқтисоди фаъолияти гумрукиро аз бар намуда, ҳамчун мутахассиси фаъолияти гумрукӣ дар самтҳои иктисодии фаъолияти гумрукӣ тайёр карда мешаванд.
Ихтисоси 1-96010102 – “Хадамоти гумрук”
Мувофиқи ин ихтисос мутахассисон барои кору фаъолият дар бахши хадамоти гумрук тайёр карда мешаванд. Онҳо ҷабҳаҳои пурраи фаъолияти мақомоти гумрукиро аз бар намуда, ҳамчун асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилии фаъолияти гумрукро муайян намуда, ба ҳимояи истиқлолият, амнияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъол сохтани муносибатҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар системаи муносибатҳои иқтисодии ҷаҳонӣ, таъмини ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандон, ва манфиатҳои қонунии иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ва ҳоказоро аз бар менамоянд.