КАФЕДРАИ ҲУҚУҚ

  1. Маълумот дар бораи кафедра:

Кафедраи ҳуқуқ  дар омода намудани мутахассисони љавон аз рӯи шаш ихтисос 1- 25010205 – “Ҳуқуқи гумрукӣ”, 1-24 01 03 – “Ҳуқуқи иқтисодӣ”, 1-24010105 – “Ҳуқуқи байналмилалӣ”, 1-24010302-“Танзими ҳуқуқии молия ва қарз”, 1-930101-“Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ” (полиси сайёҳӣ) ва 1-24010106 –“Хадамоти консулӣ” саҳмгузор мебошад. Роҳбарии кафедраро дотсент Нодиров Ф.М. ба уҳда дорад.

Кафедра аз соли 2005 фаъолият карда истодааст. То имрӯз якчанд маротиба номи кафедра иваз карда шудааст. Аз ибтидо, яъне аз соли 2005-ум кафедра бо номи “Гумрук ва андозбандӣ”, баъдан солҳои 2007, 2010 ва 2017 бо қарори Шурои олимони Донишгоҳ номи кафеда ба кафедраи “Гумрук ва ҳуқуқ”, “Ҳуқуқи соҳибкорӣ ва гумрук”, “Гумрук ва муқовимат бо коррупсия”, “Фаъолияти гумрукӣ ва ҳуқуқ” ва тибқи қарори Шурои олимони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон аз  29 августи соли 2023 №1/9.1 дар заминаи кафедраи мазкур ду кафедра, аз љумла кафедраи “Ҳуқуқ” таъсис дода шуд. Дар кафедра аз рӯи зиёда аз 28 – номгӯи фанҳо дарс дода мешавад. Кафедра чуноне дар боло зикр шуд мутахассисонро аз рӯи шаш ихтисос тайёр менамояд. Дар кафедра ҳамаи шароитҳо барои тайёр кардани мутахасиссони баландихтисос муҳайё карда шудааст.  Кафедра барои амалисозии босамари низоми таҳсилоти дуалӣ дарсҳоро дар муассисаҳои гуногуни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва лабораторияҳои муассисаҳои таълимии дорои шароитҳои зарурӣ барои тайёр намудани мутахссисони баландихтисос баргузор менамояд. Дарсҳо бо забони тољикӣ ва русӣ мегузаранд.

  1. Ихтисосҳои кафедра 1- 24010200 – “Ҳуқуқшиносӣ”, 1- 24010205 – “Ҳуқуқи гумрукӣ”, 1-24 01 03 – “Ҳуқуқи иқтисодӣ”, 1-24010105 – “Ҳуқуқи байналмилалӣ”, 1-24010302-“танзими ҳуқуқии молия ва қарз”, 1-930101-Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ (полиси сайёҳӣ) ва 1-24010106 -хадамоти консулӣ

Кафедраи ҳуқуқ аз рӯи ихтисосҳои зерин мутахассисонро омода менамояд:

Ихтисоси 1- 24010200 – “Ҳуқуқшиносӣ”

Хатмкунандаи ихтисоси 1-24 01 02 – Ҳуқуқшиносӣ дар шохаҳои гуногуни ҳокимияти давлатӣ, аз ҷумла ҳокимияти қонунгузорӣ, ҳокимияти иҷроия ва ҳокимияти судӣ бо мақсади таъмин намудани принсипи қонуният фаъолият менамояд.

Ҷойи кор:                                   

-Мақомоти ҳокимияти қонунгузорӣ;

-Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳокимияти иљроия;

-Мақомоти ҳокимияти судӣ;

– Мақомоти идораи давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ;

– Пешгирӣ, ошкор ва фош намудани љиноятҳо ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо;

– Экспертизаи санадҳои меъёрии ҳуқуқ;

– Расонидани ёрии ҳуқуқӣ.

Ихтисоси 1- 24010205- «Ҳуқуқи гумрукӣ»”

Cоҳаи фаъолияти таҳсилоти олии касбии хатмкунанда: фаъолияти гумрукӣ, соҳаи фаъолияти ҳуқуқӣ; мақомотҳои давлатӣ ва ҳокимияти иљроияи маҳаллӣ; ташкилотҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва академикӣ; муассисаҳои таълимоти умумӣ, муассисаҳои таълимии ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ, олии касбӣ ва баландбардории сатҳи тахассуси касбӣ.

Хатмкунандаи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ аз рӯи ихтисоси 1-24010205 «Ҳуқуқи гумрукӣ» ба намуди зерини фаъолияти касбӣ тайёр карда мешавад: – илмӣ-таҳқиқотӣ; -таҳлилӣ-ҳуқуқӣ; -ташкилӣ-идоракунӣ; -омӯзгорӣ (ба тартиби муқарраргардида).

Ихтисоси  1-24 01 03 «Ҳуқуқи иқтисодӣ»

Cоҳае, ки хамткунанда метавонад фаъолият намояд: мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташкилотҳои қарзӣ (бонкҳо, ташкилотҳои қарзии ѓайрибонкӣ аз љумла ташкилотҳои маблаѓгузории хурд), мақомоти андози Љумҳурии Тољикистон, ширкату љамъиятҳои хољагидор, низоми судҳои иқтисодӣ, судҳои ҳакамӣ.  Объекти  фаъолияти   хатмкунанда:  қонунгузории Љумҳурии Тољикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ дар самти молия, андоз ва бонк, омӯзиши фанҳои тахассусӣ ва ҳуқуқӣ, ки бевосита  ба соҳаи мазкур  алоқамандии зич доранд дар бар мегирад. 

Хатмкунанда ба намуди зерини фаъолияти касбӣ тайёр карда мешавад: – илмӣ; – истеҳсолӣ -технологӣ; – ташкилӣ-идоракунӣ; – омӯзгорӣ (ба тартиби муқарраргардида).

Ихтисоси 1-24010105 –Ҳуқуқи байналмилалӣ

Фаъолияти мутахассиси соҳаи муносибатҳои байналхалқӣ (ҳуқуқ) барои таъмини равобити ҳуқуқии байни кишварҳо, дифои ҳаққи шаҳрвандони Тоxикистон дар хориxи кишвар ва ҳимояи ҳуқуқи халқу миллатҳои дигар дар сарзамини тоxикон мебошад.

Хатмкунандаи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ аз руи ихтисоси 1-240101-«Ҳуқуқи байналмилалӣ»  ба намуди зерини фаъолияти касбӣ тайёр карда мешавад:

  • фаъолияти касбӣ дар Вазорати корҳои хориxӣ, намояндагиҳои Тоxикистон дар кишварҳои хориx ва ташкилотҳои байналмилалӣ.
  • фаъолияти касбӣ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташкилотҳои uайри ҳукуматӣ ва дигар мақомоти давлатӣ;
  • фаъолияти машваратӣ ва экспертӣ дар xодаи татбиқ ва қабули санадҳои байналмилалӣ.
  • фаъолияти омeзгорӣ ва тадқиқоти илмӣ дар xодаи ҳуқуқи байналмилал.

Ихтисоси-1-24010302- «Танзими ҳуқуқи молия ва қарз»

Cоҳае, ки хамткунанда метавонад фаъолият намояд: мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташкилотҳои қарзӣ (бонкҳо, ташкилотҳои қарзии ѓайрибонкӣ аз љумла ташкилотҳои маблаѓгузории хурд), мақомоти молия, мақомоти андози Љумҳурии Тољикистон, корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар  ташкилотҳо новобаста аз шакли моликияташон, муассисаҳои таълимӣ.

Хатмкунандаба намуди зерини фаъолияти касбӣ тайёр карда мешавад:

– илмӣ; – истеҳсолӣ-технологӣ; – ташкилӣ-идоракунӣ; омӯзгорӣ (ба тартиби муқарраргардида).

Ихтисоси 1- 93 01 01 – “Фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ”

Навъҳои фаъолияти касбии бакалавр аз рӯи ихтисоси 1- 93-01 01 – фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ:

– фаъолияти умумии касбӣ дар мақомоти қонунгузорӣ, иљроия, судӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва дигар мақомоти давлатӣ ва идораҳо, ташкилотҳо, муассисаҳо, корхонаҳо ва иттиҳодияҳо, сарфи назар аз тобеият ва шакли моликият;

– фаъолияти таълимӣ ва илмию тадқиқотӣ дар соҳаи ҳиҷрои ҷазои ҷиноятӣ;

– фаъолияти машваратию экспертӣ;

– фаъолият оид ба расонидани ёрии ҳуқуқӣ;

Ихтисоси  1-24010106 –Хадамоти консулӣ

Фаъолияти мутахассиси соҳаи муносибатҳои байналхалқӣ (ҳуқуқ) барои таъмини равобити ҳуқуқии байни кишварҳо, дифои ҳаққи шаҳрвандони Тоxикистон дар хориxи кишвар ва ҳимояи ҳуқуқи халқу миллатҳои дигар дар сарзамини тоxикон мебошад.

Хатмкунандаи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ аз руи ихтисоси 1-240101-«Ҳуқуқи байналмилалӣ»  ба намуди зерини фаъолияти касбӣ тайёр карда мешавад:

  • фаъолияти касбӣ дар Вазорати корҳои хориxӣ, намояндагиҳои Тоxикистон дар кишварҳои хориx ва ташкилотҳои байналмилалӣ.
  • фаъолияти касбӣ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташкилотҳои uайри ҳукуматӣ ва дигар мақомоти давлатӣ;
  • фаъолияти машваратӣ ва экспертӣ дар xодаи татбиқ ва қабули санадҳои байналмилалӣ.
  • фаъолияти омeзгорӣ ва тадқиқоти илмӣ дар xодаи ҳуқуқи байналмилал.