МАЪЛУМОТНОМА
дар бораи ихтисосҳои кафедраи ҳуқуқ: 1-24 01 02 – Ҳуқуқшиносӣ; 1-24 02 04 – Ҳуқуқи андозу бонкӣ; 1-93 01 01-01-Фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ (Полиси сайёҳӣ); 1-24 01 03 01 – Таъминоти ҳуқуқии фаъолияти тиҷоратӣ; 1-24010205– ҳуқуқи гумрукӣ; 1-24010300– ҳуқуқи иқтисодӣ; 1-24010105 – ҳуқуқи байналмилалӣ; 1-24010302- Танзими ҳуқуқи молия ва қарз
- Хатмкунандаи ихтисоси 1-24 01 02 – Ҳуқуқшиносӣ дар шохаҳои гуногуни ҳокимияти давлатӣ, аз ҷумла ҳокимияти қонунгузорӣ, ҳокимияти иҷроия ва ҳокимияти судӣ бо мақсади таъмин намудани принсипи қонуният фаъолият менамояд.
Ҷойи кор:
-Мақомоти ҳокимияти қонунгузорӣ;
-Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳокимияти иҶроия;
-Мақомоти ҳокимияти судӣ;
– Мақомоти идораи давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ;
– Пешгирӣ, ошкор ва фош намудани Ҷиноятҳо ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо;
– Экспертизаи санадҳои меъёрии ҳуқуқ;
– Расонидани ёрии ҳуқуқӣ.
- Хатмкунандаи ихтисоси 1-24 02 04 – Ҳуқуқи андозу бонкӣ дар мақомот ва корхонаву муассисаҳои гуногуншакл бо мақсади риояти принсипи қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ фаъолият менамояд.
Ҷойи кор:
– муассисаҳои соҳаи маориф;
– мақомоти андоз ва бонкҳо;
– ҳуқуқшинос дар ҳамаи соҳаҳо;
– дар соҳаи илми ҳуқуқ;
– мақомоти ҳифзи ҳуқуқ;
– мақомоти судӣ;
– мақомоти нотариати давлатӣ;
– адвокатура.
- Хатмкунандаи ихтисоси 1-93 01 01-01-Фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ (Полиси сайёҳӣ) дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо мақсади таъмин намудани тартиботи ҷамъиятӣ дар соҳаи сайёҳӣ ва дигар сохторҳои хизматрасонии сайёҳӣ фаъолият менамояд.
Ҷойи кор:
– Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ;
- Иҷро намудани функтсияи полиси сайёҳӣ;
- Ширкатҳои сайёҳӣ;
- Мақомоти ваколатдор оид ба масъалаҳои сайёҳӣ;
- Таъмин намудани амнияти сайёҳони хориҷӣ;
- Таъмин намудани аният ва тартиботи ҷамъиятӣ дар соҳаи сайёҳӣ;
- Ошкор, бартраф ва пешгири намудани ҳуқуқвайронкунҳо дар соҳаи сайёҳӣ;
- Таъмини назорат аз болои фаъолият полиси сайёҳӣ;
- Муассисаҳои соҳаи маориф;
- Муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ.
- Хатмкунандаи ихтисоси 1-24 01 03 01 – Таъминоти ҳуқуқии фаъолияти тиҷоратӣ дар мақомоти гуногуни давлатӣ ва ширкату иттиҳодияҳои тиҷоратӣ бо мақсади риоя намудани қонунгузорӣ ва таъмин намудани тартиботи ҳуқуқӣ фаъолият карда метавонад.
Ҷойи кор:
- шуъбаҳои ҳуқуқӣ, нотариат, адвокатура, судҳо ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ;
- шуъбаҳои ҳуқуқии ташкилотҳои молиявӣ, қарздиҳӣ, суғуртавӣ ва ғ.;
- шуъбаҳои ҳуқуқии мақомотҳои давлатӣ ва ҳокимияти иҷроияи маҳаллӣ;
- ташкилотҳои илмӣ-тадқиқотӣ;
- дар раёсат ва шуъбаҳои ҳуқуқии ташкилотҳо;
- мусоидат ба танзими ҳуқуқии муносибатҳои ҷамъиятӣ;
- пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ;
- ҳаллу фасл намудани баҳсҳои тиҶоратӣ ва байналмилалии тиҷоратӣ;
- фаҳмонидани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
- назорат аз болои риоя ва иҷрои қонунгузории байналмилалӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Хатмкунандаи ихтисоси 1-24010205– ҳуқуқи гумрукӣ барои кор дар Хадамоти гумрук, мақомот ва корхонаву муассисаҳои гуногуншакл омода карда мешавад.
Ҷойи кор:
- Мақомоти гумрук;
- Муассисаҳои соҳаи маориф;
- Ҳуқуқшинос дар ҳамаи соҳаҳо;
- Муассисаҳои илми ҳуқуқ;
- Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ;
- Мақомоти судӣ;
- Мақомоти нотариати давлатӣ;
- Ташкилотҳои ҳуқуқии байналмилалӣ;
- Ташкилотҳои тиҷоратии байналмилалӣ.
- Хатмкунандаи ихтисоси 1-24010300– ҳуқуқи иқтисодӣ барои кор ба ҳайси ҳуқушинос дар соҳаи соҳибкорӣ ва хизмат, ҳуқуқшинос дар соҳаи фаъолияти аудиторӣ, хизматрасониҳои бонкӣ, сармоягузорӣ, фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ва ҳамчунин ҳуқуқшинос дар мақомоти идораи давлатӣ ва ширкату ташкилотҳои тиҷоратию ғайритиҷоратӣ фаъолият карда метавоанад.
Ҷои кор:
- Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ;
- Ташкилотҳои қарзӣ (бонкҳо, ташкилотҳои қарзии ғайрибонкӣ, аз Ҷумла ташкилотҳои маблағгузории хурд);
- Мақомоти андози Ҷумҳурии ТоҶикистон;
- Ширкату Ҷамъиятҳои хоҶагидор;
- Низоми судҳои иқтисодӣ;
- Низоми судҳои ҳакамӣ;
- Арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ;
- Мушовири ҳуқуқӣ;
- Расонидани ёрии ҳуқуқӣ.
- Хатмкунандаи ихтисоси 1-24010105 – ҳуқуқи байналмилалӣ барои кор дар соҳаи муносибатҳои байналмилалӣ (ҳуқуқ), фаъолияти машваратӣ ва экспертӣ дар самти татбиқ ва қабули санадҳои байналмилалӣ.
Ҷои кор:
- Вазорати корҳои хориҷӣ;
- Намояндагиҳои Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷӣ;
- Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ;
- Ташкилотҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ;
- Ташкилотҳои байналмилалӣ.
- Хатмкунандаи ихтисоси 1-24010302- Танзими ҳуқуқи молия ва қарз ба ҳайси ҳуқуқшинос дар соҳаи муомилоти пулӣ ва қарзӣ, қоғазҳои қиматнок, ҳуқуқшиноси биржаҳои фурӯши қоғазҳои қиматнок, ҳуқуқшинос дар соҳаи бонк, андоз ва дигар ташкилотҳои хурди молиявӣ-қарзӣ фаъолият менамояд.
Ҷои кор:
- Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ;
- Ташкилотҳои қарзӣ (бонкҳо, ташкилотҳои қарзии ғайрибонкӣ аз Ҷумла ташкилотҳои маблағгузории хурд);
- Мақомоти молия;
- Мақомоти андози Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо новобаста аз шакли моликият;
- Муассисаҳои таълимӣ ва илмӣ.
Мудири кафедра Нодиров Ф.М.