КАФЕДРАИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ ВА МАҲАЛЛӢ

  1. Маълумоти умумӣ

Кафедраи Идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ соли 2009 бо дастгирии шуъбаи Ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода»-и Бунёди Мадад дар Тоҷикистон ташкил шудааст.

Дар тӯли фаъолияти бисёрсолаи худ, кафедраи идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ  тавонистааст мутахассисони касбиеро  омода намояд, ки ҷавобгӯйи талаботи бозори меҳнатанд ва иқтидори касбиашон низ устувор мебошад.

Мавриди зикр аст, ки як қатор олимони тавонои соҳаи иқтисодӣ дар кафедари  мазкур фаъолият намудаву ҷиҳати баландбардории сифати таҳсилот талошҳои шабонарӯзӣ намудаанд.

Хатмкардагони ихтисосҳои зертобеи кафедра имрӯзҳо дар ниҳодҳои гуногуни давлативу ғайридавлатӣ фаъолияти пурсамар намуда истодаанд.

Дар солҳои гуногун фаъолияти кафедраро олимони намоёни ҷумҳурӣ роҳбарӣ намудаанд, аз ҷумла: д и и., профессор Ҷӯрабоев Ғ.Ҷ., н и и., дотсент Алиев О. М., н.и.и. дотсент Исломова З.С., н.и.и. дотсент Қаландарова Г.С. Аз сентябри соли 2021 роҳбарии кафедра ба зиммаи дотсент Султонзода Ҷ.У. вогузор карда шудааст. 

ҳадафи асосии кафедра–омода намудани иқтисодчиён-менеҷерҳои насли нав барои мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ, бодарназардошти ташаккул ва амалисозии низоми идоракунии давлатӣ ва маҳаллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.Кафедраи идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ мутахассисони маълумоти олидорро барои мақомоти давлатӣ ва маҳаллӣ, инчунин барои ташкилотҳои ғайридавлатӣ аз рӯйи ихтисосҳои 1-26010100-“Идораи давлатӣ”, 1-26010101-“Идораи мақомоти маҳаллӣ”, 1-26020106-“Идоракунии зиддибӯҳронии корхона”дар се зинаи таҳсилоти олӣ-бакалавр, магистр ва докторант омода менамояд. Тӯли 13 соли фаъолияти кафедраи идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ хатмкунандагони ихтисосҳои кафедра дар мақомотҳои давлатию маҳаллӣ ва ташкилотҳои тиҷоратӣ кору фаъолият карда метавонанд. Боиси ифтихор аст, ки имрӯзҳо ҳайати кории бисёре аз мақомотҳои давлатию маҳаллии ҷумҳуриро хатмкунандагони кафедра ташкил мекунанд. Раванди таълим дар кафедра дар асоси хусусиятҳои бозори меҳнат бодарназардошти талаботи муносибатҳои бозорӣ ба роҳ монда шудааст. Айни замон устодони кафедра аз рӯйи зиёда аз 33 фанни таълимӣ дарс мегузаронанд, ки ҳамаи онҳо бо силлабусҳо, барномаҳои таълимӣ, матни лексияҳо ва васоити аёнӣ таъмин мебошанд.Дар баробари ин, маводҳои зарурии таълимӣ вобаста ба талаботи муосир пайваста мавриди таҷдид ва мукаммалсозӣ қарор мегиранд. Фанҳое, ки аз тарафи омӯзгорони кафедра дарс дода мешаванд, ҳамчун ҷузъи ҳатмии стандарти давлатии таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ баромад мекунанд.