Барномаҳои таҳсилотӣ

Кафедраи мазкур  тахассусӣ буда, аз рӯйи  ихтисосҳои:

1-26010100-“Идораи давлатӣ”;

1-26010101-“Идораи мақомоти маҳаллӣ”;

1-26020106-“Идоракунии зиддибуҳронии корхона” фаъолият менамояд.

Кафедра бо стандарти меъёрию ҳуқуқии макотиби олии равияи иқтисодии талаботи байналхалқӣ пурра ҷавобгӯ буда, дар ҳамин замина фаъолияти худро аз рӯйи нақшаҳои таълимӣ-тарбиявӣ, илмӣ-методӣ ва илмӣ тадқиқотӣ ба роҳ мондааст.

Кафедра дар базаи ихтисосҳои  1-26010100 – идораи давлатӣ, 1-26010101-идораи мақомоти маҳаллӣ ва 1-26020106 –  Идоракунии зиддибуҳронии корхона ва  дар факултети гумрук ва ҳуқуқи иқтисодии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, ҳамчун кафедраи тахассусӣ муаррифӣ шудааст, ки иқтисодчӣ-менеҷеронро барои ин соҳаҳо тайёр мекунад.  Муҳлати меъёрии азхудкунии барномаҳои таълимӣ-касбӣ дар шакли таҳсили рӯзона – 4 солро дар бар мегирад (бакалавриат).

Соҳаи фаъолияти касбии бакалавр – таъмини самараноки идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ муассиса, иштирок дар ташкил ва  амалисозии низоми идоракунии давлатӣ ва муассисаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, такмили идоракунӣ  вобаста ба тамоюли рушди иҷтимоӣ-иқтисодӣ мебошад.

Объектҳои фаъолияти касбии бакалавр корхонаҳои давлатӣ, муассисоти мухталифи давлатию ғайридавлатӣ ва зерсохтори онҳо, равандҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, ташкилӣ ва иҷтимоии ҳаёти ҷомеа, проблемаи фаъолият ва инкишофи давлат ва таъсири инсон ба ҷомеаро дар бар мегирад.

Барномаи таълимии омодасозии бакалавр бо тахассуси иқтисодчӣ-менеҷер дар соҳаҳоиидораи давлатӣ, дар асоси стандарти маълумоти давлатӣ таҳия карда шудааст.

Фанҳои зерин ба зимаи кафедра гузошта шудаанд:

  1. Назарияи идораи давлатӣ
  2. Назарияи идораи маҳаллӣ
  3. Назарияи идоракунии зиддибуҳронӣ
  4. Асосҳои хизмати давлатӣ
  5. Муоширати корӣ
  6. Идоракунии зиддибуҳронӣ
  7. Идоракунии зиддибуҳронии корхона
  8. Низоми идоракунии давлатӣ
  9. Низоми идоракунии маҳаллӣ
  10. Иқтисодиёт ва идоракунии хоҷагии шаҳрӣ
  11. Асосҳои хоҷагидории маҳаллӣ
  12. Иқтисодиёт ва идоракунии минтақа
  13. Шарикии давлат бо бахши хусусӣ
  14. Танзими давлатии иқтисодиёти миллӣ
  15. Сиёсати кадрӣ ва хизмати давлатӣ
  16. Идоракунии муносибатҳои ҷамъиятӣ
  17. Идоракунии сиёсӣ
  18. Иҷтимоиёт ва идораи давлатӣ
  19. Идоракунии робитаҳои байнидавлатӣ
  20. Идоракунии робитаҳои минтақавӣ
  21. Ҳукумати электронӣ
  22. Этикаи касбии хизматчии давлатӣ
  23. Назарияи идоракунӣ
  24. Этика ва маданияти идоракунӣ
  25. Зерсохтори шаҳрӣ
  26. Таҳия ва қабули қарорҳои идоракунӣ
  27. Идоракунии соҳаи иҷтимоӣ
  28. Геополита ва равандҳои ҷаҳонии сиёсӣ

Фанҳои таълимии кафедра дар бахши магистратура:

  1. Назария ва механизми идоракунии давлатии муосир
  2. Инкишофи худидоракунии маҳаллӣ
  3. Хизматрасонии давлатии электронӣ
  4. Идоракунии кадрӣ ва аудити кадрӣ дар низоми идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ
  5. Ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ
  6. Идоракунии лоиҳаҳои давлатӣ
  7. Идоракунии муносибатҳои ҷамъиятӣ ва сиёсӣ
  8. Этикаи касбии хизматчии давлатӣ