Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734055, ш. Душанбе, х. Борбад, 48/5
+992(37) 234-88-02; +992(37) 234-88-24
e-mail: info@iutet.tj
www: www.iutet.tj
Мудири кафедраи Иқтисодиёти ҷаҳон
Ҷумъаев Баҳовиддин Маҳмадназарович
Тел.: (+992) 93 4888670
E-mail: jumaevbahovidin@gmail.com
доктори илмҳои иқтисодӣ
Маълумоти мухтасар
Ҷумъаев Баҳовиддин Маҳмадназарович – мудири кафедраи Иқтисодиёти ҷаҳони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, и.в. профессор. Аз соли 2005 инҷониб дар соҳаи таҳсилоти олии касбӣ ва илми мамлакат фаъолият менамояд. Самтҳои асосии фаъолияти илмию пажӯҳишии ӯ ба масоили мубрами танзими савдои хизмат дар доираи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо, ташаккул ва рушди бозори бизнес – хизматрасониҳо, устуворгардонии амнияти молиявии мамлакат дар шароити ҷаҳонишавӣ ва масъалаҳои байналмилаликунонии таҳсилоти олӣ бахшида шудаанд.
Ҷумъаев Б.М. муаллифи зиёда аз 100 мақолаи илмӣ, 6 монография, як китоби дарсӣ ва 10 васоити таълимӣ мебошад.
Ӯ иштирокчии семинарҳо ва тренингҳои таълимии байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Федеративии Швейтсария, Ҷумҳурии Маҷористон, Ҷумҳурии Халқии Чин, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Ҳиндустон ва аъзои ҳайати таҳририяи маҷаллаҳои илмии «Осиё ва Аврупо» (ш. Душанбе), «Практический маркетинг» (ш. Москва) мебошад.
Барои хизматҳои шоён дар соҳаи илм ва маориф Ҷумъаев Б.М. бо унвони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» (соли 2013) сарфароз гардонида шудааст.
Дар донишгоҳ ӯ барои маъмурияти кафедра, таҳияи барномаҳои таҳсилотӣ ва нақшаҳои таълимӣ, банақшагирии раванди таълим, назорати умумии фаъолияти таълимӣ, тадқиқотӣ ва тарбиявии устодони кафедра масъул аст. Аз фанҳои иқтисоди байналмилалӣ, муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ, савдои байналмилалӣ хизмат, иқтисодиёти кушоди Тоҷикистон дарс мегӯяд.
Профессори кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон
Маълумоти мухтасар
Ҷамшедов Маҳмадназар муаллифи 3 китоби дарсӣ, 2 монография, 2 луғати истилоҳоти иқтисодии русӣ-тоҷикӣ, 3 васоит ва дастури таълимию методӣ, муҳаррири зиёда аз 10 китобу тазкираҳо оид ба фаъолияти илмиву омӯзгории олимони ҷумҳурӣ, инчунин беш аз 150 мақолаи илмӣ ва илмию оммавӣ дар соҳаҳои савдо, хӯроки умумӣ, фаъолияти соҳибкорӣ, сайёҳӣ ва дигар бахшҳои бозори молҳои истеъмолии Тоҷикистон мебошад.
Саҳми ӯ дар таҳия ва татбиқи барномаҳои таҳсилотии байналмилалӣ назаррас буда, дар доираи лоиҳаҳо ва барномаҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии Федератсияи Россия (1989, Украина (1981) ва шабакаи “EDNET» (ба сармоягузории корпоратсияи Амрикоии ЮСАИДИ) такмили касб намуда, сазовори сертификатҳои байналмилалӣ гаридааст.
Барои хизматҳои шоён дар соҳаи илм ва маориф Ҷамшедов Маҳмадназар бо унвони «Аълочии кооператсияи матлуботи Тоҷикистон» (соли 2003) сарфароз гардонида шудааст.
Дар донишгоҳ Маҳмадназар Ҷамшедов самтҳои ба ташкили раванди таълим, таъминоти дастгирии методӣ ва ташкилии ҳайати аспирантону омӯзгорон ва донишҷӯён, коркарди барномаҳои таълимӣ, узви Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-063 назди ДБССТ, омодасозӣ ва гузаронидани семинари доимоамалкунандаи кафедраи иқтисоди ҷаҳонро роҳбарӣ менамояд.
Дотсенти кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон
Тел.: (+992) 918300363
E-mail: Shahriyor1984@mail.ru
Маълумоти мухтасар
Худоёров Шаҳриёр Худойқулович- дотсенти кафедраи иқтисодиёти ҷаҳони институти иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатбаҳои байналмилалии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисодӣ.
Аз соли 2007 инҷониб дар соҳаи таҳсилоти олии касбӣ ва илмии мамлакат фаъолият менамояд. Самтҳои асосии фаъолияти илмию пажӯҳишии ӯ ба масоили ташаккул ва рушди фаъолияти дистрибюторӣ дар замони муосир, маркетинг, идоракунӣ, менеҷменти муқоисавӣ, идоракунии фаъолияти ширкатҳои дистрибутсионӣ, бозори хизматрасонӣ, бозори хизматрасонии дистрибутсионӣ, дистрибутсия, паҳннамоии молҳои истеъмолӣ, маҷроҳҳои паҳннамоии молҳо, фурӯши яклухту чакана, мушкилотҳои истеҳсолкунандагони озуқаворӣ, бунёди занҷири таъминоти озуқаворӣ дар маҷроҳҳои гуногуни тақсимот ва дигар масоили иқтисоди миллӣ бахшида шудаанд.
Худоёров Шаҳриёр Худойқулович муаллифи 1 воситаи таълимӣ, 1 комплекси илмию методӣ, 4 дастури методӣ, 3 монография, инчунин беш аз 85 мақолаи илмӣ ва илмию оммавӣ дар соҳаҳои маркетинг, менеҷмент, хизматрасонӣ ва соҳибкорӣ мебошад.
Саҳми ӯ дар таҳия ва татбиқи барномаҳои таҳсилотии байналмилалӣ назаррас буда, иштирокчии семинарҳо ва тренингҳои таълимии байналмилалӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии Федератсияи Россия (2011) ва Хитой (2023) фаъолона ширкат варзида такмили касб намудааст.
Барои хизматҳои бисёрсолаи бенуқсон дар соҳаи маориф, саҳми арзанда дар таълиму тарбияи насли наврас, тайёр намудани кадрҳои болаяоқат ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ Худоёров Шаҳриёр Худойқулович бо нишони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» (соли 2020) сарфароз гардонида шудааст.
Ассистенти кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон
Тел.: (+992) 933350054
E-mail: farangiska1990@mail.ru
Маълумоти мухтасар
Шарипова Фарангис Нурулоевна- ассистенти кафедраи иқтисодиёти ҷаҳони Институти иқтисодиёти ҷаҳони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон.
Аз соли 2022 ба ҳайси ассистенти кафедраи «Иқтисодиёти ҷаҳон» то инҷониб кор ва фаъолият кардаистодааст.
Шарипова Фарангис Нурулоевна 30 мақолаи илмӣ ва илмию оммавӣ дар соҳаҳои туризм, иқтисодиёт, мебошад.
Саҳми ӯ дар тарбияи донишҷӯён назаррас буда, иштирокчии семинари таълимии маҷозӣ дар Ҷумҳурии Халқии Чин мебошад.
Ассисенти кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон
Самиров Бахтиёр Абдумуталибович
Тел: (+992) 918956064
E-mail: samirov.baktiyr@mail.ru
Маълумоти мухтасар
Самиров Бахтиёр Абдумуталибович – ассисенти кафедраи иқтисодиёти ҷаҳони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон.
Аз соли 2023 инҷониб дар соҳаи таҳсилоти олии касбӣ ва илми мамлакат фаъолият менамояд. Самтҳои асосии фаъолияти илмию пажӯҳишии ӯ ба масоили мубрами мукаммалгардонии механизми рушди соҳибкории тиҷоратӣ дар шароити узвияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони умумиҷаҳонии савдо башида шудааст.
Самиров Бахтиёр муаллифи 7 маърузаҳо дар конфронсҳои байналмилалӣ, минтақавӣ ва ҷумҳуриявӣ ва 1 мақолаи КОА дар маҷалаи донишгоҳ ба нашр расонидааст.
Ассистенти кафедраи иктисодиёти чахон
Тел.: (+992) 933350054
E-mail: farangiska1990@mail.ru
ассистенти кафедраи иқтисодиёт
Маълумоти мухтасар
Шарипова Фарангис Нурулоевна- ассистенти кафедраи иқтисодиёти ҷаҳони Институти иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатбаҳои байналмилалии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ассистенти кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон. Аз соли 2012 то инҷониб дар соҳаи таҳсилоти олии касбӣ ва илми мамлакат фаъолият менамояд.
Аз соли 2012 инҷониб дар соҳаи таҳсилоти олии касбӣ ва илмии мамлакат фаъолият менамояд. Самтҳои асосии фаъолияти илмию пажӯҳишии ӯ ба масоили ҷанбаҳои иқтисоди ташкил ва идоракуни сайёҳӣ тиҷорати сайёҳӣ ҳамчун падидаи иқтисодӣ, таҳлили вазъи муосири ташкили сайёҳии тиҷоратӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, рушди идоракунии сайёҳии тиҷоратӣ дар асоси татбиқи технологияҳои рақамӣ ва дигар масоили иқтисоди туризм бахшида шудаанд.
Аз соли 2022 ба ҳайси ассистенти кафедраи «Иқтисодиёти ҷаҳон» то инҷониб кор ва фаъолият мекунад.
Шарипова Фарангис Нурулоевна муаллифи 30 мақолаи илмӣ ва илмию оммавӣ дар соҳаҳои туризм ва иқтисодиёт мебошад.
Саҳми ӯ дар таҳия ва татбиқи барномаҳои таҳсилотии байналмилалӣ назаррас буда дар маҳфили илмии донишҷӯён ба ҳайси раиси маҳфили иқтисодчиёни байналмилалӣ буда иштирокчии семинарҳо ва тренингҳои таълимии байналмилалӣ дар муассиси таҳсилоти олии касбӣ Хитой (2023) фаъолона ширкат варзида такмили касб намудааст.
Аз фанҳои иқтисодиёти ҷаҳон, бизнеси байналмилалӣ фаъолияти иқтисоди беруна дарс мегўяд.