БАРНОМАЊОИ ТАЊСИЛОТЇ

1-25010300-ИЌТИСОДИЁТИ ЉАЊОН

Мутахассис дар соњаи иќтисодиёти љањон ба хизматрасонии фаъолияти берунии иќтисодї, молияви-ќарзї, соњибкорї машѓул шуда, ба љамъоварї ва тањлили иттилоот оид ба дороињо, ўњдадорињо, даромаду харољотњои корхона барои  ташкили самараноки муносибатњои молиявию иќтисодии объектњои иќтисодї ва њимояи манфиатњои иќтисодии корхонаву ташкилотњо љавобгар аст. Иќтисодчии байналмилалї метавонад дар вазорату идорањои давлатї, сохторњои ѓайридавлатї,  палатаи савдо ва саноат, ширкатњои истењсолї, бонкњои давлатї ва хусусї, корхонањои муштарак, ширкатњои суѓуртавї, ташкилотњои хориљї ва дигар муассисањое, ки барои гузаронидани ягон намуди фаъолияти иќтисодии беруна махсус гардонида шудаанд, фаъолият намояд.

Талаботњо нисбати мутахассис:

– донистани ду забони хориљї;

– дарки  амиќи соњањои гуногуни иќтисодиёт;

– дониши технологияњои компютерї;

– малакаи кофии дипломатї ва одоби муоширати касбї;

-ќобилияти хуби тањлилии равандњо ва њодисањои иќтисодї;

– ќобилияти њимоя намудани манфиатњои корхона;

– малакаи баланди кор бо њаљми зиёди иттилоот.

  1. 1-260103-01 ТАНЗИМИ ДАВЛАТИИ ИҚТИСОДИЁТИ МИЛЛӢ;

Мутахассиси соњаи «1-260103-01 Танзими давлатии иќтисоди миллї» ба тањлил ва тањияи тадбирњое, ки ба идоракунии самараноки иќтисодиёти кишвар нигаронида шудаанд, машѓул аст. Самтҳои асосии фаъолият инҳоянд:

  1. Таҳлили сиёсати макроиқтисодӣ: Арзёбии сиёсати кунунии иқтисодӣ ва таъсири онҳо ба бахшҳои гуногуни иқтисодиёт.
  2. Таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ: Иштирок дар эҷоди қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки ба беҳбуди вазъи иқтисодии мамлакат нигаронида шудаанд.
  3. Мониторинги нишондиҳандаҳои иқтисодӣ: Ҷамъоварӣ ва таҳлили маълумот дар бораи вазъи иқтисод, аз қабили ММД, таваррум ва сатҳи бекорӣ.
  4. Машварат ба маќомоти давлатї: додани тавсияхо оид ба масъалањои танзими иќтисодиёти миллї ва тарњрезии сиёсати макроиќтисодї.
  5. Тадқиқот ва пешгӯӣ: Гузаронидани тадқиқот барои пешгӯии тамоюлҳои иқтисодӣ ва таъсири онҳо ба иқтисоди миллӣ.
  6. Иштирок дар раванди ташкили муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ: Таҳлил ва таҳияи стратегияҳои ҳамкорӣ бо кишварҳои дигар дар соҳаи иқтисодиёт.

Мутахассисони ин соҳа метавонанд дар сохторҳои давлатӣ, марказҳои таҳлилӣ, созмонҳои тадқиқотӣ ва созмонҳои байналмилалӣ кор кунанд. Фаъолияти онҳо барои таъмини рушди устувори иқтисодӣ ва суботи иҷтимоӣ дар кишвар муҳим аст.

  1. 1-25010301 ИДОРАКУНИИ ФАЪОЛИЯТИ ИҚТИСОДИИ БЕРУНА

Мутахассиси соњаи «1-25010301 – Идоракунии фаъолияти иќтисодии беруна» ба идоракунї ва њамоњангсозии равандњои марбут ба муносибатњои байналмилалии тиљоратию иќтисодии байни кишварњо машѓул аст. Самтҳои асосии фаъолият инҳоянд:

  1. Таҳлили муҳити иқтисодии хориҷӣ: Тадқиқоти бозорҳои байналмилалӣ, шароити иқтисодӣ ва меъёрҳои қонунгузорие, ки ба фаъолияти иқтисодии хориҷӣ таъсир мерасонанд.
  2. Тањияи стратегияњои фаъолияти иќтисодии хориљї: Тањияи наќшањо ва стратегияњо барои ворид шудан ба бозорњои байналмилалї, аз љумла интихоби кишварњои мавриди њадаф ва мањсулоти мањсулот.
  3. Ташкили амалиёти иқтисодии хориҷӣ: Ҳамоҳангсозии равандҳои воридот ва содирот, аз ҷумла таъминоти логистикӣ, расмиёти гумрукӣ ва ҳуҷҷатгузорӣ.
  4. Идоракунии шартномаҳои байналмилалӣ: Таҳия ва дастгирии шартномаҳо бо шарикони хориҷӣ, аз ҷумла гуфтушунидҳо ва ҳалли баҳсҳо.
  5. Машварат оид ба масъалахои сиёсати иктисодии берунй: Додани тавсияхо ба ташкилотхои давлатй ва хусусй оид ба масъалахои савдо ва хамкории байналхалкй.
  6. Мониторинг ва тањлили фаъолияти иќтисодии хориљї: Арзёбии натиљањои амалиёти иќтисодии хориљї ва таъсири онњо ба иќтисодиёти кишвар.
  7. Иштирок дар намоишгоҳҳо ва форумҳои байналмилалӣ: Намояндагии манфиатҳои ширкат ё кишвар дар чорабиниҳои байналмилалӣ барои барқарор кардани робитаҳои корӣ ва дарёфти шарикон.

Мутахассисони ин соҳа метавонанд дар муассисаҳои давлатӣ, намояндагиҳои тиҷоратӣ, ширкатҳои содиротиву воридотї ва ширкатҳои машваратӣ кор кунанд. Фаъолияти онњо ба инкишофи савдои байналмилалї ва таквияти алокањои иќтисодии байни мамлакатхо мусоидат менамояд.

БАРНОМАИ МАГИСТРИИ КАФЕДРА АЗ РЎИ РАВИЯ 1-25010301 «ИЌТИСОЁТИ ЉАЊОН»

Барномаи магистрии кафедра аз рўи равия 25010301 «Иќтисоёти љањон»

Кафедраи иќтисодиёти љањон ва муносибатњои байналмилалї аз соли 2011 инљониб омода намудани магистронро аз рўи равияи 25010301 «Иќтисоёти љањон» тањсил бо забони тољикї,  русї ва англисї ба роњ мемонад.

Магистри равияи 25010301 «Иќтисодиёти љањон» – мутахассиси баландихтисоси касбї буда донишњои муосири касбї ва илмиро дар соњаи иќтисодиёти љањон ва биснеси байналмиллалї дорост. Ў аз равандњои муосири иќтисодиёти љањон ва муносибатњои иќтисодии байналмиллалї бавуќуъоянда, иќтисодиёт ва сиёсати давлатњо ва минтаќањои алоњида, бархўрдор буда малакаи кор дар соњаи фаъолияти иќтисодї берунаро дорад. Магистри равияи 25010301 «Иќтисодиёти љањон» озода ду забони хориљї (русї ва англисї) -ро аз худ намуда барои гузаронидани корњои мустаќилонаи илмию тадќиќотї, педогогї, њамчунин тањсил дар аспирантура ва докторантура омода карда мешавад.

Пас аз хатми барномаи магистрии кафедра хатмкунандагони мо метавонанд тадќиќотчии баландихтисос шуда дар шўъбањои тањлилии маќомотњои давлатї ва мањаллї ё корхона ва ташкилотњои алоњидае, ба фаъолияти иќтисоди беруна сару кор доранд фаъолият намоянд, њамчунин ба тањлили масъалањои глобалии иќтисодї машѓул шаванд. Илова бар ин дар кафедра таъсис додани докторантура аз руї ихтисоси 08.00.14 –Иќтисодиёти љањон дар назар аст..