Раёсатҳои Институти илмӣ-тадқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ва Институти илмӣ-тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, ба маълумоти Шумо мерасонад, ки тибқи нақшаи баргузории конфронсҳо, семинарҳо ва машваратҳои илмӣ дар ИИТСС ДБССТ, барои солҳои 2024-2025 бахшида ба татбиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” семинари ҷумҳуриявии илмӣ-амалиро дар мавзуи “Навруз ҳамчун бренди миллӣ ва таъмини рушди иқтисоди сабз” санаи 17.03.2025, соати 9.00 дар толори Литсейи касбии дузандагии ш. Душанбеи назди ДБССТ баргузор менамояд. Хоҳишмандон метавонанд иштирок намоянд.
МАЪМУРИЯТИ ИИТСС ва ИИТРУИС ДБССТ