Санаи 28 феврали соли равон тибқи нақшаи баргузории конфронсу семинарҳои илмии Институти сайёҳӣ ва соҳибкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон семинари ҷумҳуриявии илмию амалӣ дар мавзуи “Мушкилоти иқтисоди ҷаҳони муосир” бо иштироки олимони соҳа, устодони муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ва донишҷӯён баргузор гардид.
Ҳамоишро Иброҳимзода Илҳомуддин, директори Институти илмию таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкории ДБССТ кушода, меҳмононро шинос намуда, мақсади семинарро чунин арзёбӣ намуд, ки дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ ва минтақашавӣ тамоми нишондиҳандаҳои иқтисодҳои миллӣ аз тамоюлҳои иқтисодии давлатҳои ҷаҳонӣ вобастагии амиқ дошта, ба назар нагирифтани онҳо, боиси вобастагии зиёд аз воридот ваё ақибмонӣ аз ин равандҳо мегардад.
Сипас Зоирзода И.С., муовини ректор оинд ба илм ва инноватсияи ДБССТ баромад намуда, қайд намуд, ки мавзуи семинар ба сиёсати пешгирифтаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон алоқамандии зич дорад. Чӣ тавре ки дар Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оварда шудааст, “Вазъи ноором ва равандҳои пуртазоду мураккаб дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон, ки пайомадҳои буҳронии сиёсиву иқтисодӣ доранд, ҳамоно номуайян буда, боиси нигаронӣ мебошанд”.
Гузашта аз ин, ҷомеаи байналмилалӣ ҳанӯз дар масири дарёфти роҳҳои муносиби ҳалли хавфу таҳдидҳои глобалии марбут ба тағйири иқлим қарор дорад, ки ҳалли онҳо дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле муҳим гардидааст.
“Бо дарназардошти ин омилҳо, моро зарур аст, ки зимни пешбурди сиёсати хориҷӣ саъю талошамонро дар ҳамбастагӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ барои расидан ба ҳадафҳои созанда ҷиҳати пойдории сулҳу субот ва тавсеаи ҳамкориҳои гуногунҷанба тақвият диҳем”, таъкид доштанд Пешвои миллат. Аз ин рӯ, аз ҷиҳати илмӣ таҳлил ва асоснок намудани самтҳои гуногуни мушкилоти имрӯзаи иқтисоди ҷаҳон аҳаммияти семинари имрӯзаро боз ҳам муассир мегардонад, гуфт Зоирзода И.
Сипас Иброҳимзода Илҳомуддин, директори Институти илмию таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкории ДБССТ дар мавзуи “Мушкилоти иқтисодии сайёҳиву соҳибкорӣ дар ҷаҳони муосир” баромади пурмуҳтаво кард. Мавсуф мушкилоти феълии ин соҳаҳоро дар ҷаҳони имрӯза таҳлил намуда, аз чунин ҷанбаҳо донист, ба мисли рақобати шадид байни соҳибкорон барои мавқеи сазовор ишғол кардан ва бозори истеъмолиро ба даст овардан; боло рафтани мавқеи давлатҳои ҷаҳон ва таъмини рушди онҳо; таъмини рушди босуботи нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ; ҳаракати сармоягузорӣ ва вариантҳои рушди иқтисоди ҷаҳон; тамоюлҳои нави ҷаҳони муосир – гузариш аз иқтисоди захираталаб ба хизматрасонӣ – ба монанди рушди сайёҳӣ; таъсири рушди сайёҳии байналмилалӣ ба кишварҳои рӯ ба тараққӣ ва ба монанди инҳо.
Дар баробари ин, профессор Иброҳимзода И.Р. вариантҳои рушди иқтисодӣ дар шароити вобастагӣ аз сенарияҳои ҷаҳонӣ то соли 2035-ро пешгӯӣ карда, модели рушди устувори иқтисодиро барои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки дар такя ба сармоягузории хориҷӣ эҳё намудани иқтисодиёт, идораи зиддибуҳронии иқтисодӣ ва таъмини устувории молиявӣ иборат аст.
Сипас Метархон Содиқов, д.и.и., профессори кафедраи иқтисоди ҷаҳони Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар мавзуи “Мушкилоти иқтисоди ҷаҳони муосир” маъруза кард. Мавсуф муҳимтарин мушкилоти иқтисоди ҷаҳони имрӯзаро номбар кард, ба мисли барҳам додани қашшоқӣ ва ақибмонӣ, мушкилоти сулҳ ва яроқпартоӣ, масъалаи озуқаворӣ, сарватҳои табиӣ, мушкилоти экологӣ, демографӣ, рушди сармояи инсонӣ ва монанди инҳо.
Дар идома ходими калони илмии Институти илмӣ-тадқиқоти сайёҳӣ ва соҳибкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон профессор Умаров Х. баромад карда, дар бораи масъалаи баррасишаванда изҳори андеша намуд. Профессор қайд намуд, ки дигаргуниҳои табииро дар шароити Тоҷикистон тавре бояд сафарбар намуд, ки дар робита ба дигаргунии иқлим ва боду ҳаво мавзеъҳои табиии Тоҷикистон барои сайёҳони хориҷи наздик мусоиданд.
Баъдан ходими пешбари илмии Институти сайёҳӣ ва соҳибкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дотсент Маъдиев С. дар музокира баромад карда, бо асоснокии илмию назариявӣ зарурати диверсификатсияи сайёҳиро ҳамчун фишанги таъмини рушди устувор ва масъулиятшиносии соҳа барои насли имрӯза ва оянда дар робита ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола муҳим арзёбӣ кард.
Мудири шуъбаи таҳқиқоти сайёҳии ИИТСС ДБССТ дотсент Ёров Ҷ. дар бораи хусусиятҳои геосиёсии ҷаҳонишавӣ ва таъсири он ба рушди минбаъдаи сайёҳӣ бодарназардошти ҷанбаҳои ҷугрофӣ андешаҳои ҷолиб баён намуд.
Дар ҷамъбаст директори ИИТСС ДБССТ профессор Иброҳимзода И.Р. аз кори семинар ва маърузаҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, изҳор дошт, ки нуктаҳои муҳимми маърузаҳо ба идораву ташкилотҳои дахлдор пешниҳод карда мешаванд.