Санаи 20-уми феврали соли 2025 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси Институти илмию таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон конфронси илмию амалии байналмилалӣ дар ҳамкорӣ бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Мавқеъ ва нақши сайёҳӣ дар рушди иқтисоди миллӣ: хусусиятҳои илмии омӯзиши фаъолияти сайёҳӣ ва арзёбии таъсири он ба нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ» бо иштироки вазорату идораҳо, олимону мутахассисони соҳа аз дохил ва хориҷи кишвар баргузор гардид.
Конфронсро директори Институти илмӣ-таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, д.и.и., профессор – Иброҳимзода Илҳомуддин Раҷабалӣ кушода, баъди садо додани суруди миллӣ, ҳозиринро, ки тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок доштанд шинос намуд. Дар кори конфронс тариқи маҷозӣ аз 12 давлат иштирок доштанд.
Сараввал бо сухани ифтитоҳӣ Зоирзода И.С., муовини ректор оид ба илм ва инноватсия кушода, иброз дошт, ки Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо дастгирии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми байналмилалӣ пайдо карда, ба яке аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбии бисёрзинагӣ ва бисёрсоҳа табдил ёфтааст. Донишгоҳ дар фазои таҳсилотиву илмии кишвар ва арсаи байналмилалӣ мақоми хосаро касб намудааст ва ҳамоиши имрӯза низ бозгӯи тавсеаи ҳамкориҳои илмии олимони Институти илмию таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкории ДБССТ бо муассисаҳои илмии кишварҳои хориҷӣ мебошад.
Сармоягузории лоиҳаҳои сайёҳӣ, баланд бардоштани сатҳи сайёҳӣ, тиҷоратигардонии тадқиқоти илмӣ, ба ҳаёти воқеӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ мувофиқ намудани рисолаҳои хатми донишҷўён, ташкили соҳибкориҳои муосир, истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва рақамигардонии истеҳсолоту муомилот аз ҷумлаи масъалаҳое мебошанд, ки мо бояд аз ҳамкорони хориҷиамон омўзем.
Боварӣ дорем, ки дар ин конфронс масоили мубрами соҳаи сайёҳӣ баррасӣ гардида, барои рушди минбаъдаи он дар кишвар пешниҳодҳои илман асоснок карда мешаванд, гуфт дар охир Зоирзода И.С.
Сипас директори Институти илмӣ-таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, д.и.и., профессор – Иброҳимзода Илҳомуддин Раҷабалӣ дар мавзуи “Сайёҳӣ дар доираи макроиқтисодиёт: истифодаи нишондиҳандаҳои сайёҳӣ дар низоми ҳисобҳои миллӣ ва дар омори байналмилалии соҳибкории хизматрасонӣ” маърузаи пурмуҳтаво намуд. Профессор аҳаммияти рушди соҳаи сайёҳиро ба иқтисодиёти кишвар муҳим арзёбӣ карда, аз ҷумла қайд намуд, ки сайёҳӣ яке аз муҳимтарин фаъолиятҳо дар ҷаҳон буда ҳамасола афзоиши назаррасро нишон медиҳад. Бисёр кишварҳо сайёҳиро воситаи асосии рушди минтақавӣ мешуморанд, зеро он намудҳои нави фаъолияти иқтисодиро ҳавасманд мекунад. Дар баробари ин, сайёҳӣ метавонад ба тавозуни пардохт, ММД ва сатҳи шуғл таъсири мусбати иқтисодӣ расонад. Дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 низ таъкид гардидааст, ки мероси ғании таърихию фарҳангии кишвар ва табиати нотакрори он шарти муҳимми рушди сайёҳӣ ва афзоиши маҷмуи маҳсулоти дохилӣ дар кишвар аст¸ таъкид намуд Иброҳимзода И.Р.
Дар ҷамъбаст Иброҳимзода И.Р. барои бештар шудани саҳми сайёҳӣ ба рушди иқтисодиёти миллӣ якчанд таклифу пешниҳодҳо манзур намуд, аз қабили ташкил намудани дастрасии бештари ҷумҳурӣ барои ҷалби сайёҳони байналмилалӣ ва ҷоннок намудани сайёҳони дохилӣ; беҳтар намудани ҳолати инфрасохтори мавҷудаи сайёҳӣ ва фаъол гардонидани захираҳои сайёҳии омӯхтанашуда; рушди сайёҳии истироҳатию табобатӣ; ҷалби сармоягузориҳо, грантҳо ва барномаҳои давлатӣ барои рушди соҳаи сайёҳӣ; муаррифии бештари кишвар дар арсаи байналмилалӣ тавассути ташкили сомонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ; пайдо намудани мавқеи устувор дар бозори ҷаҳонии сайёҳӣ; таъсиси шароитҳои мутобиқ ба талаботи сайёҳони байналмилалӣ; омода намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаи сайёҳӣ; зиёд намудани шумораи ширкатҳои сайёҳӣ, мусоидат дар рушди самтҳои нави сайёҳӣ ва муқаррар намудани имтиёзҳо барои соҳибкории сайёҳӣ; афзалият додан дар сохтори соҳаҳои иқтисодиёт ба соҳаи сайёҳӣ ва аз ин ҳисоб афзоиш додани ҳаҷми МММ ва ММД; зиёд намудани ҳиссаи сайёҳӣ дар буҷети давлатӣ; зиёд намудани шумораи ҷойҳои корӣ аз ҳисоби рушди сайёҳӣ; истифодаи таҷрибаи сайёҳон байни бародаршаҳрҳо ва монанди инҳо.
Дар идома муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ Салимзода Зиёдулло баромад карда, дар бораи вазъи соҳа ибрози назар намуд. Ӯ аз ҷумла қайд намуд, ки аҳамияти саноати сайёҳӣ хеле васеъ аст, он бевосита ба иқтисодиёти бисёр кишварҳои ҷаҳон таъсир мерасонад. Солҳои охир шумораи сайёҳон зиёд шудааст, чунки Тоҷикистон барои боздиди сайёҳон дар қатори 10 кишвари ҷолибтарин ҷаҳон эътироф гардидааст. Аз ин рӯ, дида арзёбии илмии масоли ҷалби бештари сайёҳон ба кишвар ва афзоиши ҳаҷми он дар ММД яке аз мавзуъҳои ҳалталаби конфронси имрӯза аст, гуфт Салимзода З.
Дар баромади Забирзода Некрой, сардори раёсати дастгирии соҳибкории Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии назди Ҳукумати ҶТ масъалаи густариши соҳибкории сайёҳӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Мавсуф қайд намуд, ки бо мақсади ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ ба иқтисодиёти мамлакат, ташкили ҷойҳои корӣ барои аҳолии маҳаллӣ, махсусан дар соњаи сайёҳӣ, баланд бардоштани иқтидори истеҳсолию содиротии мамлакат ва дар ин замина ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот дар соли равон 6 адад созишномаҳои сармоягузорӣ ба маблағи умумии 2,1 млрд. доллари ИМА ба имзо расонида шуд, ки дар мавриди татбиқи онҳо ташкили беш аз 9000 ҳазор ҷойи корӣ пешбинӣ гардидааст.
Соли гузашта ҳаҷми умумии сармояи хориҷии ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида 4,9 млрд. доллари амрикоиро ташкил намуд, ки ин нисбат ба соли 2023 2,1 млрд. доллар ё 72,7% зиёд мебошад, гуфт Забирзода Н.
Сипас маърузаи Мамадалиев Фаррухрӯз, н.и.и., дотсент, Директори Пажӯҳишгоҳи илмию таҳқиқотии Бонки миллии Тољикистон дар мавзуи “Рақамикунонии хизматрасониҳои бонкӣ ва нақши он дар рушди сайёҳӣ” шунида шуд. Баромадкунанда барои рушди соҳаи сайёҳӣ рақамикунонии хизматрасониҳои бонкиро муҳим арзёбӣ карда, афзуд, ки дар самти хизматрасонӣ ва ташаккули инфрасохтори сайёҳӣ ҷорӣ намудани технологияҳои нав ва аз хизматрасониҳои инноватсионии бонкӣ истифода бурдан талаботи замон буда, барои қулай ва дастрас будани хизматрасониҳои бонкӣ барои ширкатҳои сайёҳӣ замина мегузорад.
Сипас ба таври онлайнӣ маърузаҳои олимон аз Федератсияи Россия Никитина Татьяна Викторовна, д.и.и., профессори Донишгоҳи давлатии иқтисодии Санкт-Петербурги Федератсияи Россия дар мавзуи “Тамоюлҳои соҳибкории сайёҳӣ: таҳдидҳо ва дурнамо”, Ворошило Виктория Викторовна, н.и.и, дотсенти кафедраи молия ва қарзи Институти иқтисод ва идораи Муассисаи таҳсилотии автономии федералии давлатии Донишгоҳи федералии Қрим ба номи Вернадский дар мавзуи “Имкониятҳои сайёҳии Қрим ва роҳҳои истифодаи он” пешниҳод гардид. Дар ин баромадҳо таҷрибаи вусъати сайёҳӣ дар шаҳрҳои Санкт-Петербург ва Қрим мавриди баррасии амиқ қарор гирифт.
Дар маърузаҳои Амир Арслонзода, директори генералӣ ва узви раёсати ширкати Ариан Пардис Дин Холдинги сайёҳӣ ва меҳмоннавозии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар мавзуи “Масъалаҳои рушди гардишгарӣ ва ҳотелдорӣ байни Эрону Тоҷикистон” густариши сайёҳӣ байни ин ду кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҷорӣ намудани расмиёти бераводид байни ин ду кишвар, ки дар натиҷаи ташрифи Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бештар гардидани шумораи сайёҳони ҳар ду кишвар мусоидат менамояд, гуфт баромадкунанда. Мавсуф қайд намуд, ки дорои фарҳангу забони муштарак будани ин ду халқ барои вусъати гардишгарӣ заминагузор аст.
Дар маърузаи Фарзона Назарӣ, директори ширкати Жони Сафеди шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон дар “Масъалаҳои рушди сайёҳӣ (гардишгарӣ) байни Эрону Тоҷикистон” низ вусъат додани сайёҳии солимгардонӣ, фарҳангӣ, экологӣ ва монанди инҳо дар байни ин ду давлати ҳамфарҳанг муҳим дониста шуд.
Дар баромади профессор, доктор Корнелия Скотт, директори барномаи MBA-и Донишгоҳи илмҳои амалии Анхалти Олмон масъалаҳои рушди сайёҳии байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Маърузаи Фазал Баҳардин, директори ширкати “HalalTrip” аз Сингапур ба муаррифии ширкати сайёҳии мазкур бахшида шуда, самтҳои асосии хизматрасонии сайёҳиро ба мусалмонон дар бар мегирифт. Мавсуф истифодаи рақамикунонии хизматрасонии сайёҳиро муҳим арзёбӣ кард.
Дар баромади намояндагони Ҷумҳурии Узбекистон Наврӯззода Бахтиёр, д.и.и., профессори Донишгоҳи давлатии Бухоро ташкили хатсайрҳои сайёҳӣ барои сайёҳони Ҷумҳурии Узбекистон дар Тоҷикистон дар давраи тобистон қобили қабул дониста шуд. Ҳамзамон, ташкил намудани қатораро дар масири Душанбе-Бухоро зарур дониста, барои вусъат ёфтани рафтуомади сайёҳони ин ду кишвар қобили қабул шумурд.
Темур Мирзаев, мутахассиси “Turizm Lab”-и Ҷумҳурии Узбекистон бошад, бо дарназардошти зарфиятҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкили долонҳои транзитиро байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон пешниҳод намуд.
Ҳамзамон Голишева Елена Вячеславовна, директори Институти илмӣ-тадқиқотии рушди сайёҳии Кумитаи рушди сайёҳии Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи тақвият додани ҳамкориҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва лоиҳаҳои илмӣ амалӣ дар самти сайёҳиро байни ду кишвар мқҳим арзёби намуда, якчанд пешниҳодҳои судманд намуд.
Дар охир маърузаи ходими калони илмии Институти илмию таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкории ДБССТ, д.и.и., профессор Умаров Хоҷамаҳмад дар мавзуи “Ҷабҳаҳои илмӣ-назариявии рушди туризм ва таъсири он ба нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ” шунида шуд. Профессор қайд намуд, ки мавзуи сайёҳӣ ва рушди устувор торафт муҳимтар мегардад ва ҳама гуна арзёбии сайёҳӣ ва таъсири он ба иқтисодиёт бояд таъсири иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва экологиро ба назар гирфт. Пайвастшавӣ бо ҷузъи охирин бояд афзалияти махсус дошта бошад, гуфт Умаров Ҳ.
Дар нимаи дуюми рӯз кори конфронс дар бахшҳо идома ёфт.
Аз рӯйи пешниҳодҳои баромадкунандагон ва мақолаҳои воридшуда ба кумитаи тадорукот ба вазорату идораҳои дахлдор пешниҳодҳои илман асоснок барои рушди соҳаи сайёҳию соҳибкорӣ ва афзун намудани саҳми онҳо ба нишондиҳандаҳои макроиқтисодии кишвар ирсол хоҳанд шуд.