Баргузории даври бақайдгирии олимпиадаи бехатарии молиявӣ дар соҳаи Муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом
Бо ташаббуси МД “Институти илмӣ-таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ”-и МД “Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон” ва «Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо»-и МД “Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон” санаи 5 феврали соли 2025 дар семинари омӯзишӣ ҷиҳати иштирок дар олимпиадаҳои байналмилалӣ, хусусан Олимпиадаи байналмилалӣ оид ба бехатарии молиявӣ доир гардид.
Олимпиадаи байналмилалӣ оид ба бехатарии молиявӣ ҳамасола аз ҷониби Институти байналмилалии шабакавӣ (Федератсияи Россия) дар самти мубориза ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастомада ва ба маблағгузории терроризм равонашуда гузаронида мешавад. Бо кумаки “Институти илмӣ-таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ”-и МД “Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон” ба семинари омӯзишӣ коршиноси Маркази пешгирии бехатарии молиявӣ ва саводнокии молиявии Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон Муродҷонов Хушнур даъват гардид.
Дар семинари омӯзишӣ донишҷӯёни фаъоли ихтисосҳои молия ва қарз, кори бонкӣ, ҳуқуқшиносӣ, муносибатҳои байналмилалӣ, иқтисодиёти ҷаҳон, технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт, хонандагони синфҳои 8 ва 9-и Литсейи ДБССТ иштирок намуда, оид ба ҳадаф, вазифа, афзалият ва нозукиҳои олимпиадаи мазкур маълумот гирифтанд. Дар рафти семинари омӯзишӣ коршинос Муродҷонов Хушнур тарзи бақайдгириро дар платформаи байналмилалии иҷтимоӣ ва таълимии “Иттиҳод” амалан нишон дода, барои ноил шудан ба натиҷаҳои баланд вазифаҳои минбаъдаи иштирокчиёнро фаҳмонда дод.
Бояд қайд намуд, ки марҳилаи даъватии олимпиадаи мазкур аз 1 феврал то 28 феврали соли 2025 бо забонҳои русӣ ва англисӣ идома меёбад.
Барои иштирок дар Олимпиада шумо метавонед дар платформаи sodrujestvo.org/ru сабти ном карда, дар имтиҳони тестии марҳилаи даъватӣ, пас аз он имтиҳонҳои тестии марҳилаи интихобии олимпиада аз 31 март то 4 апрели соли 2025 (даври 1), 9 апрел то 15 апрели соли 2025 иштирок намоед.
Марҳилаи ниҳоии олимпиада бошад, аз 1 август то 3 сентябри соли 2025 тариқи ҳузурӣ дар яке аз шаҳрҳои Федератсияи Россия доир карда мешавад. Ғолибони марҳилаи ниҳоӣ имкон пайдо менамоянд, ки донишҷӯи донишгоҳҳои аъзои Донишкадаи байналмилалии шабакавӣ гарданд, инчунин ба созмонҳои бонуфузи молиявӣ барои таҷрибаомӯзӣ фиристонда шаванд.