Факултети гуманитарию педагогӣ

Маълумоти мухтасар дар бораи факултети гуманитарию педагогӣ

Факултети гуманитарию педагогӣ дар асоси қарори Шурои олимони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2023, №7/6, фармоиши ректори донишгоҳ аз 13 январи 2024, №009 ба фаъолият оғоз кардааст.

Раванди таълим дар факултети мазкур асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва баъд аз муассисаҳои олии таълимӣ, Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи донишгоҳ ба роҳ монда шудааст.

Дар сохтори факултети гуманитарию педагогӣ панҷ кафедраҳои тахассусӣ, аз ҷумла забон ва фарҳанг, забонҳои хориҷӣ ва робитаҳои байнифарҳангӣ, забон ва адабиёти рус, риёзиёт дар иқтисодиёт ва географияи иқтисодӣ ва экология амал менамояд.

Факултети гуманитарию педагогӣ мутахассисонро дар зинаи бакалавр дар шуъбаи рӯзона тариқи шартномавӣ ва буҷавӣ мувофиқ ба талаботи бозори меҳнати дохилӣ ва хориҷӣ дар сатҳи баланд омода намуда, барои  идомаи фаъолият ба вазорату идораҳои давлатӣ, корхонаҳо, ширкатҳо ва муассисаҳои таълимии Ҷумҳурӣ сафарбар менамояд.

ИХТИСОСҲОИ АМАЛКУНАНДАИ ФАКУЛТЕТИ  ГУМАНИТАРИЮ ПЕДАГОГӢ:

1 – 020301 – Забон ва адабиёти тоҷик;

1 – 020301 – Забон ва адабиёти тоҷик, фарҳанги ҷаҳонӣ ва ватанӣ;

1 – 230109 – Рӯзноманигори байналмилалӣ;

1 – 210507 – Филологияи шарқ (забони арабӣ);

1 – 010101 – Таҳсилоти томактабӣ;

1 – 010201 – Таҳсилоти ибтидоӣ;

1 – 310303 – 02 – Математикаи (фаъолияти илмию педагогӣ)

1 – 310303 – 01 – Математикаи амалӣ (фаъолияти илмию истеҳсолӣ);

1 – 310303 – 02– Математикаи амалӣ (фаъолияти илмию педагогӣ);

1 – 310401 – 03 – Физика (фаъолияти илмию педагогӣ);

Корҳои тарбиявӣ, ҷамъиятӣ, фарҳангӣ ва ғоявию сиёсии факултети гуманитарию педагогӣ

Корҳои тарбиявӣ дар факултети гуманитарию педагогӣ дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Консепсияи миллии сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуда, мутахассисони варзидаи дорои илму маърифати баланди фарҳангиву сиёсиро тарбияву  омода менамояд.

Фаъолияти корҳои илмӣ – тадқиқотӣ факултети гуманитарию педагогӣ

Фаъолияти кафедраҳои зертобеи факултети гуманитарию педагогӣ дар раванди корҳои илмӣ – тадқиқотӣ, вобаста ба самти  кафедра ҷиҳати дарёфти корҳои илмӣ – тадқиқотии ҳайати омӯзгорон дар асоси нақшаи дурнамои корҳои илмӣ – тадқиқотӣ ва илмӣ – методӣ барои солҳои 2024 – 2028  роҳандозӣ мешавад.

Аз руйи натиҷаҳои корҳои илмӣ – тадқиқотии кормандони илмӣ – педагогӣ ҳамасола дар конфронсҳои илмии донишгоҳӣ, аз ҷумла ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок менамоянд, инчунин фаъолияти ҳайати профессорону омӯзгорон дар таҳия ва чопи дастуру адабиёти таълимию методӣ хеле назаррас аст.

Ҳайати кадрӣ-педагогии факултет

Дар факултети гуманитарию педагогӣ 5-доктори илм, 24-номзади илм, 4-муаллими калон ва 7 – ассистент фаъолият менамоянд.

Декани факултети гуманитарию педагогӣ номзади илмҳои педагогӣ – Назарзода Холназар Давлатшо мебошад.