КАФЕДРАИ МОЛИЯ
Кафедраи молия ва андозбандӣ дар заминаи кафедраи молия ва қарз ва кафедраи менеҷменти молиявӣ ва андозбандӣ бо қарори Шӯрои олимони ғайринавбатии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон (собиқ Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат) «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба ҷадвали басти вазифаҳо ва сохтори идоракунии донишкада» аз 01-уми майи соли 2020, таҳти № 15.1 таъсис дода шуда, аз 28-уми июли соли 2020 амал менамояд.
Кафедра фаъолияти худро дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», «Низомномаи кафедраи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми марти соли 2017, таҳти № 3/13), «Низомномаи низоми кредитии таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми декабри соли 2016, таҳти № 19/24) ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии зинаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, мувофиқи корҳои банақшагирифташудаи таълимӣ, таълимӣ-методӣ, илмӣ-таҳқиқотӣ ва иҷтимоӣ тарбиявӣ амал мекунад.
Устодони кафедра аз рӯи равияи илмӣ корҳои илмӣ-тадқиқотиро пеш бурда истодаанд, ки дар натиҷаи он монографияҳо, васоити таълимӣ, китобҳои дарсӣ, дастурҳои методӣ ва як қатор мақолаҳои илмиро аз чоп мебароранд.
Кафедра кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки вобаста ба талаботи муосири бозори меҳнат мутахассисони касбии замонавиро омода намояд. Имрӯзҳо хатмкардагони ихтисосҳои зертобеи кафедра дар бахшҳои гуногуни иқтисод ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи кишвар кору фаъолияти устувор дошта, бо кафедра робитаи зич доранд.
Хулоса, бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаи касбии мутахассисони ояндаи соҳаи молия, идоракунии молиявӣ ва андозбандӣ мутобиқ ба талаботи муосир кафедра бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти маҳаллии он, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти ҳудудии он, инчунин кафедраҳои донишгоҳу донишкадаҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсия Русия ҳамкорӣ дорад.
Дар кафедра аз рӯйи ихтисосҳои 1-25010400 – «Молия ва қарз», 1-25010403 – «Андоз ва андозбандӣ» ва 1-25010410 – «Менеҷменти молиявӣ» дар зинаҳои бакалавриат ва магистратура мутахассисони маълумоти олидор омода карда мешаванд.
ИХТИСОСИ 1-25010400 – «МОЛИЯ ВА ҚАРЗ»
Ихтисоси 1-25010400 – «Молия ва қарз» яке аз ихтисосҳои муҳимтарин ба ҳисоб рафта, мутахассисони оянда баъди азхуд намудани донишҳои назариявӣ ва амалӣ оиди молия ва қарз метавонанд бевосита дар таъмини риояи қонунгузорӣ вобаста ба самти молия ва қарз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳия ва тадбиқи сиёсати молиявӣ, такмилдиҳии муносибатҳои молиявию қарзӣ, таҳия ва тадбиқи сиёсати давлатӣ оид ба масъалаҳои молиявӣ ва рушди муносибатҳои қарзӣ дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти маҳаллии он, ҳамчунин дигар корхонаву ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликияташон ба кору фаъолият машғул шаванд.
ИХТИСОСИ 1-25010409 – “МОЛИЯ ВА НАЗОРАТ ДАР СОҲАИ ФАЪОЛИЯТИ ГУМРУК”
. Мутахассисоне, ки ихтисоси 1-25010409 – «Молия ва назорат дар соҳаи фаъолияти гумрук»-ро дар зинаи бакалавр хатм менамоянд, ҳамчун иқтисодчӣ дар мақомоти андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти ҳудудии он, мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳидҳои сохтории он, инчунин мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷуммҳурии Тоҷикистон кору фаъолият намоянд.