Мудири кафедра

Алишоев Хуршедшоҳ Ҳасратшоевич

номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент

Барои тамос: 734055, ш. Душанбе, хиёбони Борбад 48/5,

бинои таълимии №4, утоқи 7.

Тел: +(992) 918637840, +(992) 908086072
E-mail: akhurikshoh@mail.ru

 

 

АЛИШОЕВ ХУРШЕДШОЊ   ЊАСРАТШОЕВИЧ  (тав. 24.08.1981, н.Панљакент.), номзади илми иктисодї (2009), хатмкардаи Донишкадаи идоракунии Тољикистон (ш. Ќайроќќум, вилояти Суѓд).

Солњои 1998-2002 дар факултети муносибатњои иќтисодии байналхалќии Донишкадаи идоракунии Тољикистон тањсил намудааст. Соли 2002 донишкадаи номбаршударо аз рўи ихтисоси иќтисодчї бо дониши забони англисї хатм намудааст. Аз овони донишљўї то њол дар яке аз ширкатњои сайёњии кишвар ба њайси тарљумони забони англисї ва роњбалад кор мекунад.

Фаъолияти мењнатиашро солњои 2002-2003  њамчун коромўзи кафедраи «Назарияи иќтисодӣ»-и Донишкадаи андоз ва њуќуќ (њозира донишкадаи иќтисодии тољикистон) оѓоз намудааст. Дар солњои 2004-2005 дар Донишгоњи гуманитарии Тољикистону Россия, солњои 2005-2007 Донишгоњи миллии Tочикистон ва солњои 2007-2009  дар Донишгоњи Технологии Тољикистон, Донишкадаи Соњибкорї ва хизмат  њамчун њамкори беруна кор ва фаъолият намудааст.  Фаъолияти минбаъдаи  Алишоев Х.Њ бо пешбурди тадќиќотњои илмї алоќаманд аст.  Солњои 2002- 2006 аспиранти шўъбаи ѓоибонаи Донишкадаи иќтисодии Тољикистон, солњои 2003-2005 ассистент ва солњои 2005 – 2009 муаллими калони кафедраи «Назарияи иќтисоди»-и Донишкадаи Иќтисодии Тољикистон. Соли 2009 дар совети диссертационии   ДМ 737.008.01 –и институти тадќиќоти иќтисодии назди Вазорати иќтисод ва савдои ЉТ рисолаи номзадиашро бо мувафаќият њимоя намудааст. Баъди дифои рисолаи номзадї  дар кафедраи мазкур  њамчун устоди калон ва и.в. дотсент кор ва фаъолият намудааст.

Аз 1.02.2012 то 30.08.3012 дар вазифаи љонишини декани факултети «иќтисод ва молия»- и Донишкадаи Молия ва Иќтисод оид ба илм, инновация ва робитањои хориљї кор ва фаъолият намудааст. Аз 31.08.2012 то 14.03.2013 ба вазифаи сардори шуъбаи робитањои байналмилалии донишкадаи дар боло овардашуда кор кардааст. Аз 15.03.2013  то 27.03.2014 – И.в.мудири кафедраи «Назарияи иќтисодї»-и Донишкадаи соњибкорї ва хизмат,  аз 27.03.2014 то  27.09.2016 мудири кафедраи «Назарияи иќтисодї»-и Донишкадаи соњибкорї ва хизмат, аз 27.09.2016 то 31.08.2019 мудири кафедраи «Назарияи иќтисод ва фаъолияти сощибкорӣ»-и Донишкадаи соњибкорї ва хизмат ва 31.08.2019 то 14.08.2020 мудири кафедраи «Иқтисод ва идора»-и Донишкадаи сайёҳӣ ва соњибкории Тоҷикистон  ва аз 14.08.2020 то имрӯз мудири кафедраи молия ва андозбандии ДБССТ кор мекунад.

Ба ќалами олим зиёда аз 180 маќолањои илмї, 4 монография ва 20 таълифоти илмию  методї тааллуќ доранд.


Сардори шуъбаи омода намудани кадрҳои илмӣ ва илми-педагогӣ

Сафаров Хуррам Абдусатторович

  Тел: (+992) 98-572-22-86, 206-74-00-04

  E-mail: khurram88@mail.ru

 

 

 

 

Маълумоти мухтасар

Сафаров Хуррам Абдусатторович – Сардори шуъбаи омода намудани кадрҳои илмӣ ва илми-педагогӣ ва дотсенти кафедраи молияи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон фаъолият менамояд.

Аз соли 2019 инҷониб дар соҳаи таҳсилоти олии касбӣ ва илми мамлакат фаъолият менамояд. Самтҳои фаъолияти илмию пажӯҳиши ӯ бо мақсади самтҳои афзалиятноки васеъкунии сарчашмаҳои танзими касри буҷети давлатӣ, низоми буҷети давлатӣ ва дигар масоили иқтисоди миллӣ бахшида шудаанд.

Сафаров Хуррам Абдусатторович муаллифи 3 васоти таълимӣ, 1 монография ва зиёда аз 30 мақолаи илмию оммавӣ дар самти буҷети давлатӣ, бозори сармоягузорӣ, танзими фаъолияти суғурта ва молия мебошад.

Барои хизматҳои шоён дар соҳаи илм ва маориф Сафаров Хуррам Абдусатторович ба унвонии «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» соли 2021сарфароз гардонида шудааст.

 Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи касбият Сафаров Хуррам Абдусатторович ба кишварҳои Ҳиндустон, Чин, ва Олмон сафари омӯзиши анҷом додааст.

Дар донишгоҳ Сафаров Хуррам барои баланд бардоштани сатҳи аз худ кунӣ,  банақшагирӣ, ташкил, ҳамоҳангсозӣ, назорат ва амалисозии тадбирҳо доир ба магистратура ва докторантураро ба уҳда дорад.


Хоҷазода Заррина Салим

Тел: +992918552431

E-mail: zarinaxojaeva80@mail.ru

 

 

 

 

Маълумоти мухтасар

Хоҷазода Заррина Салим устоди калони кафедраи молияи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон.

Аз соли 2013 инҷониб дар соҳаи таҳсилоти олии касбӣ ва илми мамлакат фаъолият менамояд. Фаъолияти худро ба ҳайси ассистенти кафедраи молия, устоди калони кафедраи молия оғоз намуда ва дар вазифаи сардори раёсати ташкилӣ-тарбиявӣ фаъолият намудааст.

Самти асосии фаъолияти илмию пажӯҳиши ӯ масъалаҳои рушди соҳибкории саноатии рақобатпазир дар марҳилаи ҳозира (дар мисоли саноати ҷуроббарории Тоҷикистон)-ро дар бар мегирад.

Хоҷазода Заррина Салим муаллифи зиёда аз 60 мақолаҳои илмӣ, нашрияи маводҳои байналмиллалӣ ва илмӣ-амалӣ, аз љумла; 6 адади онњо дар маљаллањои таќризшавандаи тавсиянамудаи Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Љумҳурии Тоҷикистон, 20 адад дар конференсияҳои байналмиллалӣ, 30 маќола дар нашрияњои дигар ба табъ расонидааст, инчунин 1 Васоити таълимӣ аз фанни Буҷети давлатӣ, 1 Дастури таълимии маҷмӯи тестҳо аз фанни “Назорати давлатии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва 1 Дастури таълимии маҷмӯи тестҳо аз фаннҳои “Молия ва буҷети давлатӣ” мебошад.

Барои хизматҳои бисёрсолаи бенуқсон дар соҳаи маориф ва илм, саҳми арзанда дар таълиму тарбияи насли наврас, тайёр намудани кадрҳои баландихтисос соли 2023 бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шудааст.


Дотсенти кафедраи молияи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

Кенҷаева Рано Ҳамроевна
Тел: (+992) 917 86 6062
E-mail:rano kenzhayeva@mail.ru

 

 

 

Маълумоти мухтасар

Рано Ҳамроевна Кенҷаева – дотсенти кафедраи молияи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент.
Аз соли 2009 инҷониб дар соҳаи таҳсилоти олии касбӣ ва илми мамлакат фаъолият менамояд. Самтҳои асосии фаъолияти илмию пажуҳишии ӯ ба масоили мубрами ташаккули бозори молиявӣ, буҷети давлатӣ, идоракунии қарзи давлатӣ ва дигар масоли иқтисодии миллӣ бахшида шудаанд.
Рано Ҳамроевна Кенҷаева муаллифи 2 монография, 7 васоит ва дастури таълимию методӣ, инчунин беш аз 70 мақолаи илмӣ ва илмию оммавӣ дар соҳаҳои молия, буҷети давлатӣ, ҳамгироии минтақавӣ мебошад.
Саҳми ӯ дар таҳия ва татбиқи барномаҳои таҳсилотии байналмилалӣ назаррас буда, дар доираи барномаҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии Ҷумҳурии Қирғизистон (2017) такмили касб намудааст.
Барои хизматҳои шоён дар соҳаи илм ва маориф Рано Ҳамроевна Кенҷаева бо унвони “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон” (соли 2016), Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли2015) ва Ифтихорномаи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон (2018) сарфароз гардонида шудааст.


Дотсенти кафедраи молия

Икромӣ Нуриддин Қиём

Тел.: (+992) 933 76 76 76
E-mail: ikromov65@bk.ru

 

 

 

 

 

 

Маълумоти мухтасар

Икромӣ Нуриддин Қиём – номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти кафедраи молияи факултети молия ва қарзи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон.

Икромӣ Нуриддин Қиём соли 1992 пас аз хатми Университети Давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин (ҳозира Донишгоҳи миллии Тоҷикистон)-ро бо ихтисоси молия ва қарз хатм намуда, аз соли 1992 то соли 2007 дар Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон адои хизмат намудааст. Дар раванди фаъолияти корӣ барои хизматҳои бисёрсолаи бенуқсон дар Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Икромӣ Нуриддин Қиём бо мукофотҳои Медали Ҷашни 25 солагии Қушунҳои сарҳадӣ ва Нишони сарисинагии иштирокчии барқароркунандагони сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар солҳои 1992-1997) сарфароз гардонида шудааст.

Икромӣ Нуриддин Қиём солҳои 2005-2008 Донишгоҳи (славянии) Тоҷикистону Россияро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм кардааст. Солҳои 2007-2018 дар вазифаи муҳосиби Ҷамъияти ихтиёрии зиддисухтори шаҳри Душанбе, сармутахассиси шуъбаи қарзҳои мушкилситони ҶСП «Тоҷпромбонк»-и шаҳри Душанбе кору фаъолият намудааст. Дар баробари фаъолият намудан дар низоми бонкии кишвар фаъолияти омӯзгории худро давом дода дар Донишгоҳҳои олии кишвар дар самти омодакунии мутахассисони соҳаи бонкӣ нақши созгор дорад. Аз соли 2018 инҷониб корҳои илмӣ-таҳқиқотии худро пайваста такмил дода барои такмил ва рушди муносибаҳои иқтисодӣ ва низоми бонкии кишвар дар раванди таҳияи ҳуҷҷатҳои стратегии давлат саҳмгузор мебошад. Айни ҳол ба ҳайси дотсенти кафедраи молияи факултети молия ва қарзи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон фаъолият менамояд.

Икромӣ Нуриддин Қиём муаллифи 1 монография, 5 васоит ва дастури таълимию методӣ, инчунин беш аз 50 мақолаи илмӣ ва илмию оммавӣ дар соҳаҳои молия, буҷет, бонк, қарз ва андоз мебошад.

Саҳми ӯ дар таҳия ва чопи мақолаҳои илмӣ дар сатҳи байналмилалӣ назаррас буда, натиҷаи таҳқиқоти илмияш дар маҷаллаҳои илмии Финляндия (International Journal of Education, Social Science & Humanities. Finland Academic Research Science Publishers), Амрико (American journal of education and learning), Россия (Паёми иқтисодиии Россия, Крым), Узбекистон ва ғайра рӯи чоп гардидаанд.

Барои хизматҳои шоён дар соҳаи илм ва маориф Икромӣ Нуриддин Қиём бо унвони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» (соли 2024) ва медали «Таҳқиқотчии фаъол»-и озмуни корҳои илмӣ-амалии байналмилалӣ дар давлатҳои ИДМ, Ба муносибати “Рӯзи омӯзгор” 30-юми сентябри соли 2022 бо Ифтихорномаи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ифтихорномаҳои зиёди соҳавии дохилидонишгоҳӣ сарфароз гардонида шудааст.


Муаллими калони кафедраи молияи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

Юсупова Зайнура Илхомовна

Тел.: +(992) 935997043

e-mail: yusupova.zainura@ mail.ru

 

 

 

 

Маълумоти мухтасар

Юсупова Зайнура Илхомовна – муаллими калони кафедраи молияи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон.

Аз соли 2003 ба ҳайси ассистенти кафедраи молияи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон (собиқ Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат)  ба кор шуруъ намудааст.

Юсупова Зайнура Илхомовна дар тули фаъолияти худ дар вазифаҳои ассистенти кафедраи молия (собиқ молия ва андозбандӣ дар соҳибкорӣ) (2003-2009) ва аз соли 2009 ҳамчун муаллими калони кафедраи молияи  Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон то инҷониб кору фаъолият намуда истодааст.

Ӯ муаллифи 2 монография, 4 васоити таълимӣ, 12 дастури методӣ, 7 мақолаҳои тақризшаванда дар нашрияҳои КОА-и ҶТ, 8 мақолаҳо дар ШИИР, 29 мақолаҳои байналмилалӣ ва зиёда аз 50 мақолаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва оммавӣ дар самтҳои мухталифи рушди муносибатҳои молиявии кишвар мебошад.


Устоди калони кафедраи молия

Ҳамидова Гулноз Абдукудусовна

Тел.: +(992) 933-35-93-08

e-mail: kh.gulnoz@ mail.ru

 

 

 

 

 Маълумоти мухтасар

Ҳамидова Гулноз Абдукудусовна  – устоди калони кафедраи молияи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон.

Аз соли 2009 дар соҳаи илм ва таҳсилоти олӣ фаъолият карда истодааст. Самтҳои асосии фаъолияти илмию таҳқиқотии ӯ оиди низоми мусоиди андоз ҳамчун омили рақобатпазирии иқтисоди миллиро дар бар мегирад.

Ҳамидова Гулноз Абдукудусовна дар тули фаъолияти худ дар вазифаҳои ассистенти кафедраи молия ва андозбандии ДСХ, муаллими калони ДБССТ, котиби Шурои илмӣ-методии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон кору фаъолият намудааст.

Ӯ муаллифи 4 васоити таълимӣ, 6 дастури методӣ, 10 мақолаҳои тақризшаванда дар нашрияҳои КОА-и ҶТ ва РФ ва зиёда аз 60 мақолаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ дар самтҳои мухталифи бахши низоми андози ҶТ, раванди сармоягузорӣ дар шароити муосир, густариши ҷаҳонишавии муносибатҳои молиявию қарзӣ, таъмини самаранокии воситаҳои қарзи давлатӣ ва рушди муносибатҳои молиявии кишвар мебошад.


Ассистенти кафедраи молияи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

Қосимов Ҳабибулло Зиёвидиновис

Тел.: +(992) 935747479

e-mail: gosimovhabib1808@ gmail.com

 

 

 

 

Маълумоти мухтасар

Қосимов Ҳабибулло Зиёвидинович – ассистенти кафедраи молия Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон.

Аз соли 2019 дар соҳаи илм ва таҳсилоти миёнаи касбӣ кор карда, ба ҳайси ассистенти кафедраи баҳисобгири ва андоз  ба кор шуруъ намудааст.

Қосимов Ҳабибулло Зийвидинович дар тули фаъолияти худ ба ҳайси  ассистенти кафедраи биҳисобиги ва андози Колеҷи информатика ва техникаи компютерии ш. Душанбе (2019-2022), ба муҳоҷирати меҳнати рафтааст (2022-2024), асситенти кафедраи молияи  Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон 2024с то инҷониб кору фаъолият намудаистодааст.

Ӯ муаллифи, 3 мақолаҳои тақризшаванда дар нашрияҳои КОА-и ҶТ ва зиёда аз 9 мақолаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ дар самтҳои мухталифи бахши низоми буҷети, низоми андози ҶТ, ҷалби сармоягузорони хориҷӣ, таъмини самаранокии воситаҳои қарзи давлатӣ ва рушди муносибатҳои молиявии кишвар мебошад.


Ассистенти кафедраи молия

Ҷобиров Далер Маҳмадсобирович

Тел.: +(992) 918285592

e-mail: dalercobirov1@gmail.com

 

 

 

Маълумоти мухтасар

Ҷобиров Далер Маҳмадсобирович – ассистенти кафедраи молия ва андозбандии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳи ва соҳибкории Тоҷикистон.

Аз соли 2021 – дар коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе то соли 2023 дар вазифаи ассистенти кафедраи баҳисобгири ва андоз кору фаъолият намудааст.

Аз соли 1 – уми январи соли 2023 то инҷони дар вазифаи ассистенти кафедраи моли фаъолият намуда истодааст.

Ӯ муаллифи 2 мақолаҳои тақризшаванда дар нашрияҳои КОА-и ҶТ ва зиёда аз 14 мақолаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ дар самтҳои мухталифи бахши низоми молиявии кишвар мебошад.

Ҷобиров Далер Маҳмадсобирович ҳоло докторант phd – и Донишгоҳи байналмилалии сайёҳи ва соҳибкории Тоҷикистон мебошад

Ӯ рисолаи докторантиашро дар мавзуъи «Такмили сармояи инсонӣ дар ташкилотҳои соҳибкори» омода намуда истодааст.


Ассистенти кафедраи молия

Ғаниев Сомон Амирхонович

Тел: (+992) 988185551

E-mail: somon.ganiev.99@mail.ru

 

 

 

 

Маълумоти мухтасар

Ғаниев Сомон Амирхонович – ассистенти кафедраи молияи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон.

Аз соли 2022 инҷониб дар соҳаи таҳсилоти олии касбӣ ва  илми мамлакат фаъолият менамояд. Самтҳои асосии фаъолияти илмию пажӯҳишии ӯ ба масоили ташаккулёбӣ ва рушди  институтҳои молиявӣ ва таъсири онҳо ба рушди инфрасохтор соҳибкорӣ, рушди соҳибкории инноватсионӣ дар шароити бесуботи молиявӣ, такмил бахшидани фаъолияти институтҳои молиявӣ дар иқтисоди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Ғаниев Сомон муалифи 10 маърӯзаҳо дар конфронсҳои байналмилалӣ, ва ҷумҳуриявӣ ва 3 мақолаи илмӣ мебошад.