Фаъолияти илмӣ-тадқиқотии кафедра
Равияи назариявии кори илмӣ-тадқиқотии кафедраи молия ва андозбандӣ «Рушди хизматрасониҳои муосири молиявӣ ҳамчун омили инноватсионии пешрафти фаъолияти соҳибкорӣ» ва илмӣ-тадқиқотӣ «Проблемаҳои идоракунии молиявӣ ва дурнамои сиёсати молиявию андозӣ – ҳамчун заминаи рушди фаъолияти соҳибкории инноватсионӣ» буда, дар ин самт аз ҷониби устодони кафедра чунин масъалаҳо мавриди тадқиқот қарор дода шуда истодааст:
— механизми амалигардонии фаъолияти инноватсионии корхонаҳои саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— хизматрасониҳои молиявӣ ва нақши онҳо дар рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— муаммоҳои муносибатҳои молиявӣ-қарзӣ дар замони муосир;
— механизми дастгирии давлатии молиявӣ-қарзӣ дар соҳаи соҳибкории хурду миёна;
— сиёсати гумрукӣ ва андозии Ҷумҳурии тоҷикистон дар шароити муосир;
— муаммоҳои низоми андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳҳои мукаммалгардонии он дар шароити муосир;
— нақши омилҳои молиявӣ-иқтисодӣ дар устувории худидоракунии маҳаллӣ;
— механизми такмилдиҳии маъмурикунонии андоз дар сатҳи маҳал;
— нақши корхонаҳои давлатӣ дар рушди иқтисодиёти муосир: тамоюл ва дурнамо;
— раванди самаранок истифодабарии сармояи хориҷӣ ба фаъолияти соҳибкории хурду миёна дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— ташаккул ва такомули низоми андоз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— механизмҳои рушди фондҳои мақсадноки давлатӣ дар шароити муосир.
Вобаста ба равияи назариявӣ ва мавзӯи илмӣ-тадқиқотии кафедра устодон мақолаҳои илмии худро таҳия намуда, дар семинару конфронсҳои донишкадавӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ фаъолона иштирок менамоянд.