МАРКАЗИ ДАРЁФТ ВА РУШДИ ИСТЕЪДОДҲОИ МД «ДОНИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ  САЙЁҲӢ ВА СОҲИБКОРИИ ТОҶИКИСТОН»

Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои МД «Донишгоҳи байналмилалии  сайёҳӣ ва соњибкории Тоҷикистон» яке аз сохторњои  дар тобеияти бевоситаи муовини ректор оид ба илм ва инноватсия буда, назоратро аз болои ташкил ва баргузории озмунҳо ва олимпиадаҳои фаннӣ миёни хонандагону донишҷӯён, ташкили дарсҳо баҳри инкишофи зеҳнию ҷисмонии донишҷӯён, ёрӣ расонидан барои ташаккули қобилияти истеъдод ва шавқу ҳавасмандии онҳо ба донишомӯзӣ, фарҳанг, варзиш ва касбомӯзиро ба роҳ мемонад.

Ба Марказ хонандагони Литсейҳои тобеи Донишгоҳ, донишҷӯён магистрантони Донишгоҳ ва њамчунин, шахсоне болаёқат ва боистеъдод, ки барои иштирок дар озмунҳо ва олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ сафарбар гардидаанд, љалб карда мешаванд.

           Ҳадафи асосии ташкили Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо рушди истеъдод, бедор намудани хоҳиш ва майлу завқи наврасон ба донишомӯзӣ, фарҳанг варзиш ва касбомӯзӣ мебошад.

           Самтҳои асосии фаъолияти Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо инҳоанд:

  • марказ масъалаҳои самтҳои асосии фаъолияти ташкилӣ, илмӣ, эҷодӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, рушди истеъдод, таъмин намудан ба донишомӯзиро мавриди омӯзиш қарор медиҳад;
  • назорат ва таъмини раванди иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аз 3 апрели соли 2021, №113 дар бораи “Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2021-2025”;
  • фароҳам овардани шароити мусоид баҳри инкишофи зеҳнию ҷисмонии донишҷӯён, ёрӣ расонидан барои ташаккули қобилияти истеъдод ва шавқу ҳавасмандии онҳо ба донишомӯзӣ, фарҳанг, варзиш ва касбомӯзӣ;
  • мувофиқи майлу хоҳиш, завқу шавқмандии хонандагону донишҷӯён ва дигар хоҳишмандон ва тибқи талабу дархости волидайн ташкили машғулиятҳои фаннӣ;
  • ташкили озмун ва чорабиниҳо дар самти фарҳанг, варзиш ва касбомӯзӣ;
  • қабули хонандагону донишҷӯёни болаёқат ва боистеъдод ба маҳфилҳои Марказ тибқи озмун;
  • қабул ва ҷалби ғолибони олимпиадаҳои вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ, байналмилалӣ ва ҷаҳонӣ ба маҳфилҳои Марказ бидуни санҷиш;
  • тавсияи хонандагону донишҷӯён боистеъдод барои таҳсил ба хориҷи кишвар;
  • ҳар се моҳ ташкили мониторинг ва таҳлили сатҳу сифати дониши хонандагону донишҷӯён лаёқатманди ба маҳфилҳои Марказ ҷалбшуда;
  • ташкил ва баргузории семинару конференсия, озмуну мусобиқаҳо, мизҳои мудаввар;
  • омӯзиши таҷрибаи ҷаҳонӣ оид ба такмили раванди таълим ва маҳорати кормандони педагогӣ;
  • омода сохтани барномаҳо, нақшаҳои таълимӣ, дастур ва дигар маводҳои методӣ барои ташкили раванди таълим аз ҷониби мутахассисон;
  • таъмини ҳифзи маҳсули корҳои илмии хонандагону омӯзгорон ҳамчун моликияти зеҳнӣ;
  • тасдиқи ҷадвали дарсӣ, реҷаи корӣ, низомномаи бахшҳо, нақшаҳои таълимии маҳфилҳо;
  • бастани шартномаҳо бо мақсади беҳтар гардидани сифати кори Марказ бо ташкилот ва муассисаҳои дигар;
  • ташкили озмун барои қабули омӯзгорони Марказ ва бастани қарордоди меҳнатӣ.

           Дар ҳайати сохтор директор, мудири бахш, сармутахассис ва мутахассиси пешбар фаъолият мекунанд.

Директори  Марказ -Раҳимов Ҷамшед Одинабекович – номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент.

Тел: (+992) 938454488;

E-mail: rahjam@mail.ru