Менеҷменти молиявӣ ва андозбандӣ
Кафедраи менеҷменти молиявӣ ва андозбандӣ яке аз кафедраҳои тахассусии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон мебошад. Кафедраи номбурда аз 26.06.2024 то ҳол бо номгузориҳои «Менеҷменти молиявӣ ва андозбандӣ» бо қарори Шӯрои олимони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон аз 26.06.2024 таҳти №14/8.4 таъсис дода шуда, аз 26-уми июли соли 2024 фаъолият намуда истодааст.
Айни замон дар кафедра 7 нафар номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, 1 нафар ассистент ва 1 нафар ҳуҷатгузор фаъолият менамоянд.
Дар муддати фаъолият зиёда аз 1000 нафар ихтисосҳои зертобеи кафедраро хатм карда, имрӯз дар тамоми соҳаҳои иқтисодиёти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он фаъолият намуда истодаанд.
Дар назди кафедра маҳфилҳои илмии донишҷӯён бо номи «Боҷу хироҷ» амал мекунад, ки аъзоёни он моҳе як маротиба тибқи нақшаи корӣ ҷамъомад мегузаронанд ва дар он мавзуҳои мушаххас вобаста ба самти корҳои илмӣ-тадқиқотии кафедра баромад мекунанд.
Дар назди кафедра аз рӯи 2 самти зерин мутахассисон омода карда мешаванд:
- Мутахассисоне, ки ихтисоси 1-25010403 – «Андоз ва андозбандӣ»-ро ҳам дар зинаи бакалавр ва ҳам дар зинаи магистратура хатм менамоянд, ҷиҳати таъмини риояи қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳия ва тадбиқи сиёсати андозӣ, такмилдиҳии маъмурикунонии андоз, таҳия ва тадбиқи сиёсати давлатӣ оид ба масъалаҳои бақайдгирии давлатии субъектҳои соҳибкорӣ, инчунин бо мақсади таъмини воридоти пурра ва саривақтии андозҳо ба буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкили ҷамъоварӣ, тартиби ҳисобкунӣ ва пардохтнамоии андозҳо дар мақомоти андоз ва дигар корхонаву ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликияташон ба кору фаъолият машғул шаванд.
- Мутахассисоне, ки ихтисоси 1-25010410 – «Менеҷменти молиявӣ»-ро ҳам дар зинаи бакалавр ва ҳам дар зинаи магистратура хатм менамоянд, ҳамчун менеҷер оид ба молия дар мақомоти молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳидҳои сохтории он, департаменти молиявии корхонаҳо, бонкҳо, фондҳои сармоягузорӣ, нафақавӣ ва дигар ташкилотҳои тиҷоратӣ кору фаъолият намоянд.