Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734055, ш. Душанбе, х. Борбад, 48/5
+992(37) 234-88-02; +992(37) 234-88-24
e-mail: info@iutet.tj
www: www.iutet.tj
Мудири кафедраи менеҷменти молиявӣ ва андозбандӣ
Тел.: +(992) 939-00-07-37
e-mail: khidiraliev_88@ mail.ru
Маълумоти мухтасар
Хидиралиев Рустам Зулфалиевич – мудири кафедраи менеҷменти молиявӣ ва андозбандӣ Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент.
Аз соли 2012 дар соҳаи илм ва таҳсилоти олӣ кор карда, ҳамчун коршиноси сифати таҳсилот дар донишгоҳ шинохта шудааст. Самтҳои асосии фаъолияти илмию таҳқиқотии ӯ таҳлили вазъи муосири сармоягузори ва нақши он дар рушди иқтисоди миллӣ дар бар мегирад.
Дар Шурои диссертатсионии назди Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 4-уми декабри соли 2020 рисолаи номзадии худро дар мавзуъи «Таҳлили вазъи муосири фаъолияти сармоягузорӣ ва нақши он дар рушди иқтисоди миллӣ)» зери роҳбарии доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Қодирзода Диловар Баҳридин ҳимоя намудааст. Бо қарори Комиссияи Олии Аттестатсиониии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31-уми марти соли 2021 таҳти №94/ди бо дараҷаи илмии номзади илмҳои иқтисодӣ сазовор гардонида ва дорои дипломи номзади илмҳои иқтисоди гардид.
Хидиралиев Рустам Зулфалиевич дар тули фаъолияти худ дар вазифаҳои ассистенти кафедраи молия ва андозбандии ДСХ (2021-2012), муаллими калон (2012-2020), мудири кафедраи менеҷменти молиявӣ ва андозбандии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон (2024-2025) кору фаъолият намудааст.
Ӯ муаллифи 1 китоби дарсӣ (бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон) 2 монография, 5 васоити таълимӣ, 2 дастури методӣ, 14 мақолаҳои тақризшаванда дар нашрияҳои КОА-и ҶТ ва РФ ва зиёда аз 50 мақолаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ дар самтҳои мухталифи бахши низоми андози ҶТ, ҷалби сармоягузорони хориҷӣ, таъмини самаранокии воситаҳои қарзи давлатӣ ва рушди муносибатҳои молиявии кишвар мебошад.
Хидиралиев Рустам Зулфалиевич ҳоло дар мавзуъи «Рушди ҷараёнҳои ҷалби сармоягузории хориҷии сабз ба иқтисодиёти миллии Тоҷикистон: назария, методология ва амалия» рисолаи докторӣ омода намуда истодааст.
Оиладор соҳиби чор фарзанд.
Дотсенти кафедраи менеҷменти молиявӣ ва андозбандӣ
Мизробов Саидафзал Саидхоҷаевич
Тел.: +(992) 93-599-70-19
e-mail: saidafzal82@ mail.ru
Маълумоти мухтасар
Насирдинов Изатулло Муҳидинович аз сентябри соли 2013-2024 дар вазифаи дотсенти кафедраи молияв ва андозбандии Донишкадаи соњибкорї ва хизмат, ҳоло аз 01.09.2024 дотсенти кафедраи менеҷменти молиявӣ ва андозбандии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон кор мекунад.
Кор ва фаъолияти собиќа
Солҳои 1981 – 1983 | Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ИҶШС |
Солҳои 1983 – 1986 | Котиби озоди кумитаи комсомоли Донишгоњи давлатии Тоҷикистон |
Солҳои 1986 – 1988 | Ассистенти кафедраи географияи иқтисодии Донишгоњи давлатии Тоҷикистон |
Солҳои 1988 – 1991 | Аспиранти Донишгоњи давлатии Тоҷикистон |
Солҳои 1991 – 1993 | Ассистенти кафедраи географияи иқтисодии Донишгоњи давлатии Тоҷикистон |
Солҳои 1993 – 1996 | Устоди калони кафедраи иқтисодиёти ҷаҳони Донишкадаи соњибкорї ва хизмат |
Солҳои 1996 – 2000 | Ҷонишини декани факултети соњибкорї ва менеҷменти ДСХ |
Солҳои 1996 – 1999 | Донишљўи Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон (таҳсили ғоибона) ихтисоси молия ва қарз |
Солҳои 2000– 2002 | Мудири кафедраи назарияи иқтисоди ДСХ |
Солҳои 2002– 2005 | Мудири кафедраи молияи ДСХ |
Солҳои 2005– 2007 | Мудири кафедраи гумрук ва андозбандии ДСХ |
Солҳои 2008– 2009 | Дотсенти кафедраи молия ва қарзи ДСХ |
Солҳои 2009 – 2011 | Мудири кафедраи молия ва қарзи ДСХ |
Солҳои 2011 – 2012 | Декани факултети ҳисобдорӣ ва идоракунии ДСХ |
Солҳои 2012– 2013 | Мудири кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудити ДСХ |
Солҳои 2012– 2013 | Дотсенти кафедраи молия ва қарзи ДСХ |
Аз соли 2013 то имрӯз | Раиси кумитаи иттифоқи касабаи кормандони Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат, ҳоло Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон |
Солҳои 2013-2024 | Дотсенти кафедраи молия ва андозбандӣ, ДСХ, ҳоло
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон |
Аз 01.09.2024 |
Дотсенти кафедраи менеҷменти молиявӣ ва андозбандии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон |
Дотсенти кафедраи менеҷменти молиявӣ ва андозбандӣ
Мизробов Саидафзал Саидхоҷаевич
Тел.: +(992) 93-599-70-19
e-mail: saidafzal82@ mail.ru
Маълумоти мухтасар
Мизробов Саидафзал Саидхоҷаевич – номзади илмҳои иқтисодӣ дотсенти кафедраи менеҷменти молиявӣ ва андозбандии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон.
Аз соли 2004 дар соҳаи илм ва таҳсилоти олӣ кор карда, ҳамчун коршиноси соҳаи андоз дар донишгоҳ шинохта шудааст. Самтҳои асосии фаъолияти илмию таҳқиқотии ӯ рушди устувори фаъолияти соҳибкорӣ дар деҳотро дар бар мегирад.
Дар Шурои диссертатсионии назди Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар таърихи 02. 06. 2021 сол рисолаи номзадиашро дар мавзӯи “Механизми ташкилию иқтисодии рушди фаъолияти соҳибкорӣ дар деҳот” ҳимоя намудааст. Бо қарори КОА-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 ноябри соли 2021 таҳти №326/ди ба Мизробов Саидафзал Саидхоҷаевич дипломи дараҷаи илмии номзади илмҳои иқтисод дода шуд.
Мизробов Саидафзал Саидхоҷаевич дар тули фаъолияти худ дар вазифаҳои ассистенти кафедраи молия ва андозбандии ДСХ (2004-2009), муаллими калон (2009-2017), и.в. дотсенти кафедраи менеҷменти Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон (2021-2023), дотсенти кафедраи менеҷменти молиявӣ ва андозбандӣ Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон (2024-2025) кору фаъолият намудааст.
Ӯ муаллифи 2 монография, 4 васоити таълимӣ, 10 дастури методӣ, 18 мақолаҳои тақризшаванда дар нашрияҳои КОА-и ҶТ ва РФ ва зиёда аз 90 мақолаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ дар самтҳои мухталифи бахши молияву андоз, рушди фаъолияти соҳибкорӣ дар деҳот ва танзими давлатии сиёсати андози Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Дотсенти кафедраи менеҷменти молиявӣ ва андозбандӣ
Тел.: +(992) 93-599-70-42
e-mail: islamovazakhro@ gmail.com
Маълумотномаи мухтасар
Исломова Заҳро Саъдуллоевна 23-юми августи соли 1975 дар оилаи зиёӣ таваллуд шудааст. Соли 1992 пас аз хатми мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №77-и шаҳри Душанбе ба факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (собиқ ДДМТ) дохил шуда, онро соли 1997 аз рӯи ихтисоси «Молия ва қарз» хатм намудааст.
Соли 1999 ба аспирантураи Институти Демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 2004 ба итмом расонидааст. Соли 2004 ба Донишкадаи соҳибкорӣ ва хазмат ба фаъолияти омӯзгорӣ шуруъ намуда, дар вазифаҳои ассистенти кафедра, устоди калон, дотсент фаъолият намудааст.
Соли 2010 рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Масъалаҳои иқтисодӣ-демографии фаъолияти ғайрирасмии занҳо (дар мисоли Ҷумҳурии Тоҷикистон)» дифоъ намуда, бо Қарори Шӯрои олии аттестатсионии Вазорати маориф ва илми Федератсияи Руссия соҳиби дараҷаи илмии номзади илмҳои иқтисодӣ гардидааст. Аз 10-уми январи соли 2012 то 24 августи соли 2017 дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат ба ҳайси мудири кафедраи молия ва андозбандӣ дар соҳибкорӣ адои вазифа намуда буд. Бо фармони ректори донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат аз 16 январи соли 2019 вазифаи мудири кафедраи идоракунии давлатӣ ва маҳаллии донишкадаи номбаршударо иҷро намуд. Бо фармони ректори муассиса аз санаи 28.08.2020 то вазифаи декани факултети гумрук ва ҳуқуқи иқтисодиро иҷро намуд. Аз санаи 17.10.2022 то иныониб вазифаи мудири кафедраи географияи иқтисодӣ бар уҳда дорад.
Аълочии маорифи Тоҷикистон аст.
Аз 16-уми сентябри соли 2012 аъзои Ҳизби Халқӣ-Демократии Тоҷикистон мебошад. Соли 2015 вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе интихоб гардида дар пешравӣ ва ободонии ноҳия саҳми худро гузоштааст.
Исломова З.С. дар самти масоили иктисодию демографии фаъолияти ғайрирасмии занҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои илмӣ-тадқиқотӣ пеш мебарад ва ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст. Исломова З.С. муаллифи чандин монография, маколаҳои илмӣ, дастурҳои методӣ ва васоити таълимӣ мебошад.
Дар тӯли фаъолияти илмӣ-педагогиаш дар тарбияи садҳо фарзандони халқу миллат ва рушди соҳаи маорифи кишвар саҳми арзанда дорад.
Оиладор. Соҳиби ду фарзанд мебошад.
Ассистенти кафедраи менеҷменти молиявӣ ва андозбандӣ
Зубайдуллоев Муродҷон Обидович
Тел.: +(992) 906-11-00-03
Маълумоти мухтасар
Зубайдуллоев Муродҷон Обидович – ассистенти кафедраи менеҷменти молиявӣ ва андозбандӣ Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон.
Аз соли 2004-2007 Нозири андози шӯбаи ташкили ҷамоварии таҳлили андозҳо аз субъектҳои хурди соҳибкорӣ МХН – и нозироти андози ВДПД дар ноҳияи Ҳисор. Солҳои 2007-2009 мутахассиси нозири андози шӯбаи ташкили ҷамоварии таҳлилии андозҳо аз субъектҳои соҳибкории хурд МХН – и нозироти андози ВДПД дар ноҳияи Ҳисор. Солҳои 2009-2010 мутахассис нозири андози (сохти уҷҷатгузори) сектори ёридиҳандаи нозироти андоз дар ноҳияи Ҳисор. Солҳои 2010-2011 мутахассиси шӯбаи хизматрасонии андозсупорандагон шахсони воқеӣ ва соҳибкорони инфиродӣ нозироти андоз дар ноҳияи Ҳисор. Солҳои 2011-2012 мутахассиси шӯбаи хизматрасони ва андозситонии шахсони ҳуқуқии нозироти андоз дар ноҳияи Рудаки. Солҳои 2012-2013 мутахассиси гурӯҳи хизматрасони ба шахсони ҳуқуқӣ шӯбаи хизматрасони ба андозсупорандагони нозироти андоз дар ноҳияи Рудаки. Солҳои 2013-2017 мутахассиси шӯбаи гурӯҳи хизматрасони ба соҳибкорони инфиродии шӯбаи хизматрасони ба андозсупорандагои нозироти андоз дар ноҳияи Рудаки. Солҳои 2017-2018 мутахассиси шӯбаи ташкили андозбандии шахсони воқеии нозироти андоз дар ноҳияи Ҳисор. Солҳои 2018-2019 мутахассиси ташкили андозбандии шахсони воқеии нозироти андоз дар ноҳияи Рудаки. Солҳои 2019-2021 мутахассиси бахши ташкили андозбандии шахсони воқеӣ нозироти андоз дар ноҳияи Шаҳринав. Солҳои 2021-2022 сармутахассиси шӯбаи ташкили андозбандии шахсони воқеи нозироти андоз дар ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд. Солҳои 2022-2024 мудири бахши ташкили андозбандии шахсони воқеии нозироти андоз дар ноҳияи Сангвор. Солҳои 2024-2025 сармутахассиси гурӯҳи ташкил ва назорати иҷрои уҳдадориҳои андозии шахсони ҳуқуқии шӯбаи ташкил ва назорати иҷрои уҳдадориҳои андозии нозироти андоз дар ноҳияи Нуробод.
Аз 27. 01. 2025 ассистенти кафедраи менеҷменти молиявӣ ва андозбандии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон фаъолияти кори намуда истодааст.
Оиладор соҳиби панҷ фарзанд.
Тел: 988-52-87-07
Маълумотномаи мухтасар
Ҷӯраева Нуқра Негматовна 16-юми августи соли 1984 дар оилаи омӯзгор таваллуд шудааст. Соли 2000 мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №19-и шаҳри Ҳисор-ро хатм кардааст. Ба Донишгоҳи иқтисодии Тоҷикистон собиқ (Донишгоҳи иқтисодии Тоқикистон) дохил шуда, онро соли 2011 аз рӯи ихтисоси «Инфарматик эканамист » хатм намудааст.
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ба ҳайси мутасаддии синфхона фаъолият кардааст
Аз 18-декабри соли 2024 дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳи ва соҳибкории Тоҷикистон ба ҳайси ҳуҷҷатгузори кафедра фаъолият дорад.
Оиладор соҳиби 3 фарзанд