14 марти соли 2025 дар факултети гуманитарию педагогии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ бо як шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид.
Чорабинии мазкурро муовини декан оид ба тарбия, Холмуҳаммади Шарифзода, ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо фарорасии ҷашни Наврӯз шодбош гуфт. Ӯ таъкид намуд, ки Наврӯз ҳамчун рамзи эҳёи табиат, ҳамдилӣ ва пойдории арзишҳои миллӣ дар таърихи миллати тоҷик мақоми хосса дорад.
Дар чорабинӣ муовини ректор оид ба тарбияи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Қаландарзода Гулрӯ Сафар иштирок намуда, бо суханони табрикотии раёсати донишгоҳ аҳли нишастро ба муносибати фарорасии Наврӯзи Аҷам шодбош гуфт.
Гулрӯ Қаландарзода зикр кард, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ, ҳифзи мероси фарҳангӣ ва муаррифии дурусти он тавассути рушди соҳаҳои сайёҳӣ ва хизматрасонӣ нақши калидӣ мебозад. Ба андешаи ӯ, Наврӯз ҳамчун падидаи фарҳангии ҷаҳонӣ метавонад барои мустаҳкам намудани робитаҳои байни миллатҳо ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ саҳми назаррас гузорад.
Барномаи ҷашнӣ бо намоишҳои санъатии мухталиф, иҷрои рақсҳои анъанавӣ ва сурудҳои миллӣ идома ёфт. Масъулин бо пешкаш намудани дастархони классики Наврӯз, намоиши ҳунарҳои халқӣ ва дигар амалияҳои марбут ба Наврӯз, рӯҳияи рангу тароватро ба чорабинӣ оҳанг бахшиданд.
Чорабинии мазкур боз нишон дод, ки Наврӯз на танҳо аломати бедории табиат аст, балки нишонаи амиқи ҳамбастагии миллатҳо ва пайвасти бевоситаи наслҳо мебошад. Дар ин ҷашн, ки аз ҷараёни зиндагӣ ва фароғати халқ нақл мекунад, ҳисси якдигарфаҳмӣ ва дӯстии беандоза байни мардум роҳ ёфтааст.