1. Асолати мақола аз 70 % боло;
2. Мавҷудияти аннотатсия бо се забон (на кам аз 10 ҷумла), (тоҷикӣ, русӣ, англисӣ);
3. Мавҷудияти калидвожаҳо бо се забон (на кам аз 15 калидвожа), тоҷикӣ, русӣ, англисӣ);
4. Мақола ҳатман бо Паёми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқаманд бошад;
5. Миқдори саҳифа мақола на кам аз 10 саҳифа (шрифт 12, интервал 1,5);
6. Миқдори адабиёт на кам аз 15 адад;
7. Дар охири мақола мавҷудияти пешниҳодҳо ба Паёми навбатӣ;
8. Мавҷудияти тақризи беруна;
9. Мақола дар шакли MS Word, шрифти Times New Roman пешниҳод гардида, сохти саҳифа: боло ва поён -2 см, рост -1,5 см, чап -3 см;
10. Ҷадвалҳо, расмҳо ва схемаҳо бояд ғайриранга, дорои рақам ва ном бо нишондоди сарчашма, амсоли [12, с. 77] коркард шавад;
11. Барои ҷадвал ва расмҳо шрифти Times New Roman, андозаи 12, интервали 1 истифода бурда шавад;
12. Воҳидҳои ченак ба таври зайл (м, кг, сомонӣ ва ғ.), сол монанди «с.» навишта мешавад;
13. Нохунакҳои китобӣ («») истифода бурда шавад. Тире бошад (–) ва дефис (-) истифода шавад;
14. Номҳои ширкатҳои хориҷӣ, институтҳои молиявӣ бо ҳарфҳои лотинӣ, бе истифода аз нохунак ва шакли сиёҳ навишта мешавад. Баъди истифодаи насаби олимони хориҷӣ, роҳбарони ширкатҳо ҳангоми истинод надодан, дар қавс бо ҳарфҳои лотинӣ навишта мешавад;
15. Маводҳо (мақолаҳо)-и дорои дараҷаҳои «махфӣ» ё «барои истифодаи хидматӣ» дар маҷалла нашр карда намешавад.
Муаллиф(он) ба идораи маҷалла 2 нусхаи мақоларо ба суроғаи 734061, ш. Душанбе, к. Борбад 48/5 оварда мерасонад, инчунин шакли электронии маводро ба почтаи электронии majala.dbsst@gmail.com фиристанд.