Дар доираи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Индонезия намояндагони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҳти роҳбарии ректори муассиса муҳтарам Убайдулло Асрорзода бо Директори генералии Бюрои таҳсилоти олӣ, рушд ва барномаҳои байналмилалии Вазорати таҳсилоти олӣ, илм ва технологияи Ҷумҳурии Индонезия профессор Берри Ҷулианди вохӯрӣ анҷом доданд.
Зимни вохӯрӣ масоили мубрами ҳамкориҳо байни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва муассисаҳои таълимиву илмии Ҷумҳурии Индонезия мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор гирифта, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда ва созишномаи ҳусни тафоҳум ҳамкориҳо ба роҳ монда мешаванд.
Дар доираи мулоқот бо иштироки Директори генералии бюрои таҳсилоти олӣ, рушд ва барномаҳои байналмилалии Вазорати таҳсилоти олӣ, илм ва технологияи Ҷумҳурии Индонезия ва дигар шахсони расмии Вазорат самтҳои зерини ҳамкориҳои муассисаҳо мушаххас карда шуданд:






Ҳамин тавр, бо мусоидати Вазорати таҳсилоти олӣ, илм ва технологияи Ҷумҳурии Индонезия вохӯриву мулоқоти намояндагони донишгоҳ бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии Ҷумҳурии Индонезия роҳандозӣ гардиданд ва аз натиҷаи онҳо иттилоъ дода мешавад.