АВВАЛИН ҶОИЗАИ ИЛМӢ ДАР СОҲАИ САЙЁҲӢ!
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз “29” ноябри соли 2024, №618, устоди кафедраи бизнеси сайёҳӣ ва меҳмондории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, Ҷаҳонгир Н.М. барои кори илмӣ ва таҳқиқотии беҳтарин дар соҳаи сайёҳӣ сазовори ҷоизаи давлатӣ гардид!
Ин ҷоиза нахустин мукофоти расмии давлатӣ дар соҳаи илм ва таҳқиқоти сайёҳӣ дар Тоҷикистон мебошад, ки саҳми муҳаққиқони ватаниро дар таҳияи роҳҳои нави рушди соҳаи сайёҳӣ эътироф менамояд. Ин дастоварди муҳим на танҳо ифтихори Донишгоҳ, балки тамоми ҷомеаи илмӣ ва бахши сайёҳии кишвар мебошад.
Муҳаққиқи ҷавону боистеъдод Ҷаҳонгир Н.М. бо таҳқиқоти илмии худ дар самти рушди сайёҳии устувор, иқтисоди сабзи сайёҳӣ ва брендсозии байналмилалии Тоҷикистон саҳми назаррас гузошта, барои такмили стратегияи рушди сайёҳии кишвар ва ҷалби сайёҳони хориҷӣ пешниҳодҳои илмӣ-амалии муфид омода намудааст.
Роҳбарияти Донишгоҳ номзади илмҳои иқтисодӣ Ҷаҳонгир Н.М.-ро бо ин дастоварди таърихӣ табрик намуда, барояш комёбиҳои нав ва пешрафтҳои минбаъда дар таҳқиқоти илмӣ таманно мекунад!
Ин дастоварди муҳимро бо мо ҷашн гиред ва ба рушди соҳаи сайёҳии Тоҷикистон саҳм гузоред!