Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734055, ш. Душанбе, х. Борбад, 48/5
+992(37) 234-88-02; +992(37) 234-88-24
e-mail: info@iutet.tj
www: www.iutet.tj
БАРНОМАҲОИ ТАЪЛИМИИ ИХТИСОСҲОИ КАФЕДРА
Кафедра аз ҷумлаи кафедраҳои тахассусӣ ба ҳисоб рафта, донишҷӯёнро аз рӯи 5 ихтисос: 1-31030601-04 – «Технологияҳои иттилоотии идора дар иқтисодиёт», 1-080101-07 – “Таълими касбӣ (Информатика)”, 1-25011200 – «Информатикаи иқтисодӣ» 1-31030602 – «Кибернетикаи иктисодӣ» ва 1-25011026 – «Иқтисодиёти рақамӣ» омода менамояд.
Омодасозии мутахассисони ихтисосҳои кафедра дар асоси барномаҳои таъсилотӣ (Стандарт) ва нақшаи таълимӣ ба роҳ монда шудааст. Аз рӯи ихтисосҳои кафедра мутахассисони зинаи бакалавр омода карда мешавад. Тибқи барномаҳои таҳсилотӣ донишҷӯёни зинаи бакалаври ихтисосҳои кафедра 4 сол таҳсил намуда, дар ҳаҷми 240 кредит фанҳои таълимиро аз худ намуда, мутахассиси зинаи бакалавр мегарданд. Аз миқдори умумии кредитҳои азхуднамуда 48 кредит бахши фанҳои заминавӣ, 80 кредит бахши фанҳои тахассусӣ, 60 кредит бахши фанҳои интихобӣ, 15 кредит бахши таҷрибаомӯзӣ ва 9 кредит аттестатсияи хатмро ташкил медиҳад.
1-31030601-04 – ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ИТТИЛООТИИ ИДОРА
ДАР ИҚТИСОДИЁТ
Ихтисоси «Технологияҳои иттилоотии идора дар иқтисодиёт» мутахассисонеро омода мекунад, ки метавонанд фаҳмиши амиқи равандҳои иқтисодиро бо технологияҳои муосири иттилоотӣ ба таври муассир пайваст кунанд. Хатмкунандагони ин ихтисос мутахассисони серталаби ҷомеаи муосир гардида, метавонанд доираи васеи мушкилотро дар соҳаҳои гуногуни тиҷорат ҳал кунанд.
1-080101-07 – МУТАХАССИСИ БАРНОМАСОЗ-ИҚТИСОДЧӢ
Аз рӯи ихтисоси “Таълими касбӣ (Информатика)” омӯзгороне омода карда мешаванд, ки метавонанд дар муассисаҳои таълимии гуногун: мактабҳо, коллеҷҳо, донишгоҳо ва дигар муассисаҳои таълимӣ аз фанҳои сикли информатика ва технологияҳои иттилоотӣ самаранок таълим диҳанд.
1-25011200 – ИНФОРМАТИКАИ ИҚТИСОДӢ
Ихтисоси «Информатикаи иқтисодӣ» мутахассисонеро омода месозад, ки донишҳои соҳаи иқтисодро бо малакаҳои кор бо технологияҳои иттилоотӣ самаранок пайваст карда тавонанд. Хатмкунандагони ин ихтисос мутахассисон-таҳлилгарони ҷомеаи иттилоотӣ-иқтисодӣ гардида, метавонанд дар асоси маълумотҳои бадастомада қарорҳои самарабахш қабул намоянд.
1-31030602 – КИБЕРНЕТИКАИ ИҚТИСОДӢ
Аз руи ихтисоси «Кибернетикаи иктисодӣ» мутахассисоне омода карда мешаванд, ки қодиранд усулхои математикӣ ва технологияҳои иттилоотиро барои тахлил ва амсиласозии равандхои иктисоди истифода баранд. Чунин омӯзиши беназири таълими иқтисодӣ ва дониши амиқ дар соҳаи информатика ба хатмкунандагони ин ихтисос имкон медиҳад, ки масъалаҳои мураккаби соҳаҳои гуногуни иқтисодиётро самаранок ҳал кунанд.
1-25011026 – ИҚТИСОДИЁТИ РАҚАМӢ
Ихтисоси «Иқтисодиёти рақамӣ» як соҳаи босуръат рушдёбанда буда, донишҳои амиқро дар соҳаи иқтисод ва технологияҳои иттилоотӣ муттаҳид мекунад. Хатмкунандагони ин ихтисос дар ҷаҳони муосир, ки технологияҳои рақамӣ тамоми соҳаҳои ҳаёт ва тиҷоратро фаро мегиранд, талабот доранд.