Дар идомаи сафари корӣ, санаи 15 декабри соли 2022 намояндагони Донишгоҳи байналмилалии сайëҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо роҳбарияти Донишгоҳи Сегии Малайзия мулоқоти судманд анҷом доданд.
Зимни мулоқот масъалаҳои вобаста ба оғози ҳамкориҳо байни муассисаҳо, махсусан дар самтҳои омодасозии муштараки кадрҳо дар риштаҳои зеҳни сунъӣ, IT-сервис, WEB-дизайн, фаъолияти меҳмонхонавӣ, бизнес-маъмуриятчигӣ ва амсоли инҳо баррасӣ гардиданд.
Дар баробари ин, вобаста ба ташкили чорабиниҳои илмии муштарак, тақвияти фаъолияти паркҳои технологӣ, таҳияи лоиҳаҳо, инчунин ба роҳ мондани таҳқиқоти илмии муштараки олимону муҳаққиқон байни ҷонибҳо гуфтушунид сурат гирифт.
Ҳамзамон, пас аз ба имзо расонидани созишномаи ҳусни тафоҳум дар доираи муқаррароти он ҷонибҳо ба мувофиқа омаданд, ки табодули академии донишҷӯëн, такмили ихтисос ва бозомӯзии омӯзгоронро аз рӯйи самтҳои болозикр шуруъ аз нимсолаи дуюми соли таҳсили 2022-2023 дар доираи санадҳои меъëрии ҳуқуқии соҳаи маориф ба роҳ монанд.