Соли 2022 барои кулли сокинони Тоҷикистони соҳибистиқлол соли пур аз дастовардҳо дар ҳама бахшҳои фаъолияти хоҷагидории кишвар унвон мегардад.
Ин нукта зимни ироаи Паём аз ҷониби Президенти муҳтарами кишвар Эмомалӣ Раҳмон зикр гардид. Махсусан Пешвои муаззами миллат дар Паёми навбатии хеш рушди иқтисодиёти ҷумҳуриро дар соли 2022 дар сатҳи 8 фоиз қайд намуданд.
   Дар қатори дигар идораву кумитаҳои давлатӣ соли 2022 барои аҳли заҳмати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон соли пур аз дастовардҳо дар самтҳои таълим, илмӣ-инноватсионӣ, равобити байналмилалӣ, ташкилӣ-тарбиявӣ ва хоҷагидорӣ унвон мегардад.
Барои хонандаи арҷманд бархе аз дастовардҳои назарраси Донишгоҳро дар соли 2022 ба тариқи зайл манзур менамоем:
    — соли 2022 бо дастгирии Ҳукумати мамлакат муассисаи таълимӣ ба Донишгоҳ табдил ёфта, мақоми байналмилалиро соҳиб гардид;
      — бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин давра Литсейи касбии саноати кимиёи шаҳри Левакант ва Литсейи касбии хизмати шаҳри Хуҷанд ба ихтиёрдории Донишгоҳ гузаронида шуд. Иқдомоти мазкур ба раёсати Донишгоҳ имкон фароҳам месозад, ки кадрҳои баландихтисос дар зинаҳои ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ омода намояд;
       — бо қарори Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июли соли 2022, №112/шд аз рӯйи ихтисосҳои “Иқтисодиёти соҳаи сайёҳӣ”, “Иқтисодиёти соҳибкорӣ” ва “Маркетинг” шурои диссертатсионӣ дар назди Донишгоҳ таъсис дода шуд;
   — соли 2022 дар доираи ҳамкориҳои муассиса бо Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Марказии хизматрасониҳои иттилоотии сайёҳии шаҳри Душанбе дар Донишгоҳ таъсис дода шуд. Ёдовар мешавем, ки Маркази мазкур бо тамоми таҷҳизоти муосири самти хизматрасониҳои сайёҳӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст;
     — соли 2022 интиқоли донишҷӯён аз дигар МТОК ҶТ ба ДБССТ ду баробар зиёд гардида, дар ин давра ба донишгоҳ 460 нафар донишҷӯён интиқол ёфтанд. Нишондиҳандаи мазкур аз таваҷҷӯҳи бештари донишҷӯёни кишвар ба ихтисосҳои донишгоҳ дарак медиҳад;
      — дар соли таҳсили 2022-2023 дар баробари гурӯҳҳои таҳсилашон бо забони англисӣ ва русӣ боз 4 гурӯҳ таҳсил бо забони англисӣ ва 7 гурӯҳ таҳсил бо забони русӣ таъсис дода шуд;
     — дар доираи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати амалигардонии Нақшаи чорабиниҳои «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» танҳо дар соли 2022 се маротиба олимпиада барои дарёфти “Ҷоми раёсати ДБССТ” баргузор карда шуд. Рӯзҳои 13-14 майи соли 2022 олимпиадаи мазкур байни донишҷӯёни МТОК ҶТ, рӯзҳои 23-24 сентябр олимпиадаи минтақавии хонандагони синфҳои 9 ва 11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи асосӣ, умумӣ ва ибтидоии касбии шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои Хатлон аз рӯйи фанҳои математика, химия, физика, биология, технологияи иттилоотӣ ва география ва рӯзҳои 11-12 ноябр олимпиадаи минтақавии хонандагони синфҳои 9 ва 11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи асосӣ, умумӣ ва ибтидоии касбии шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои Суғд аз рӯйи фанҳои математика, химия, физика, биология, технологияи иттилоотӣ, география, забони русӣ ва забони англисӣ доир карда шуд ва ғолибон бо “Ҷоми раёсати ДБССТ”, дипломҳои дараҷаи 1, 2 ва 3 ва маблағҳои ҳавасмандӣ ба ҳар кадоме ба андозаи аз 1000 то 5000 сомонӣ сарфароз гардонида шуданд;
    — дар ин давра 11 нафар донишҷӯёни донишгоҳ дар озмунҳои сатҳи байналмилалӣ иштирок намуда, сазовори ҷойҳои 2 ва 3-юм гардиданд;
    — соли 2022 дар даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, устоди донишгоҳ Дайхудоев Ваҳдат аз рӯйи номинатсияи “Эҷоди назму наср” барандаи ҷоизаи озмуни мазкур гардид;
    -дар соли 2022 фаъолияти олимону муҳаққиқони донишгоҳ нисбати дигар солҳо дар таълифи монографияҳои илмӣ, китобҳои дарсӣ, васоити таълимӣ ва мақолаҳои илмӣ ва илмӣ-оммавӣ назаррас арзёбӣ мегардад. Аз ҷумла, дар ин давра аз ҷониби онҳо 38 монографияи илмӣ, 18 китоби дарсӣ, 26 васоити таълимӣ, 58 дастури методӣ, 9 рисолаи илмӣ аз ҷумла 2 рисолаи докторӣ, 321 мақолаҳои байналмилалӣ, 260 мақолаҳои дар маҷаллаҳои эътирофнамудаи КОА назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 609 мақолаҳои ҷумҳуриявӣ ва 150 мақолаи илмӣ-оммавӣ нашр гардидааст;
     — соли 2022 вобаста ба натиҷаҳои фаъолияти илмӣ хушбахтона МД “Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон” тибқи арзёбӣ аз рӯйи меъёрҳои қоидаҳои муайянсозии рейтинги МТОК-и Ҷумҳурии Тоҷикистон шомили 5-гонаи беҳтарини муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ эътироф гардид;
      -омодасозии кадрҳои баландихтисоси дорои дараҷа ва унвони илмӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти донишгоҳ ба ҳисоб меравад, ки дар ин давра 11 нафар устодони донишгоҳ рисолаҳои номзадӣ ва 1 нафар рисолаи докторӣ ҳимоя намуда, ҳимояи 1 рисолаи докторӣ ва 4 ҳимояи номзадӣ аз ҷониби устодони донишгоҳ дар моҳи январи соли 2023 дар назар аст;
    — дар доираи иҷрои Нақшаи баргузории чорабиниҳои илмӣ ва илмӣ-техникӣ барои соли 2022 бо ибтикори роҳбарияти донишгоҳ дар ҳамкорӣ бо мақомотҳои гуногуни давлатӣ 1 олимпиадаи ҷумҳуриявӣ, 2 олимпиадаи минтақавӣ, 3 конфронси байналмилалӣ, 14 конфронси ҷумҳуриявӣ, 2 конфронси донишгоҳӣ, 31 мизи мудаввар ва 113 семинарҳои илмӣ-назариявӣ баргузор гардид;
    — соли 2022 аз ҷониби мақомоти гуногуни давлатӣ барои ҳамкориҳои судманд ба раёсати ДБССТ ҳудуди 20 сипосномаву раҳматномаҳои соҳавӣ тақдим карда шуд;
    — соли 2022 раёсати робитаҳои хориҷии Донишгоҳ бо 41 донишгоҳу донишкадаҳо ва марказҳои илмӣ-таҳқиқотии хориҷи кишвар, аз ҷумла бо Донишгоҳи менеҷменти Мумбай, Донишгоҳи Ҷаваҳарлал Неҳруи Ҳиндустон, Донишгоҳи Панҷоби Ҳиндустон, Донишкадаи муҳандисӣ-технологии Сант Лонговали Ҳиндустон, Донишгоҳи Ситии Малайзия, Донишгоҳи Сегии Малайзия, Донишкадаи идоракунии амволи Малайзия, Донишгоҳи Маҳсаи Малайзия, Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русия, Донишгоҳи бизнес ва технологияи Гурҷистон, Донишгоҳи Гурҷистон, Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва меҳмондории Қазоқистон, Донишгоҳи байналмилалии қазоқӣ-туркии ба номи Хоҷа Аҳмади Ясавӣ, Донишгоҳи иқтисодиёт, молия ва савдои байналмилалии Қазоқистон, Донишгоҳи давлатии иқтисодии Тошканд, Пажуҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии омӯзиши проблемаҳои объектҳои мероси фарҳангӣ ва рушди сайёҳии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонид, ки аз онҳо 21 шартномаи ҳамкорӣ ва 20 шартнома маҳз барои табодули академии донишҷӯён ва такмили ихтисоси омӯзгорон мебошад;
      — дар ин давра ташрифи шарикони хориҷӣ ба Донишгоҳ бамаротиб афзуд. Лозим ба ёдоварист, ки дар давраи ҳисоботӣ сафири фавқулодда ва мухтори Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва намояндаи Академияи сайёҳии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, намояндагони Донишгоҳи Ситии Малайзия, Дабири кулли Муколамаи Ҳамкории Осиё, намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва сохторҳои тиҷоратии Юнон, ректори Донишкадаи давлатии фарҳанги Қазон ва дигарон ба Донишгоҳ ташриф оварданд;
    — дар ин давра, 38 омӯзгорони Донишгоҳ аз ҳисоби муовинони ректор, сардорони раёсатҳо ва садорати факултетҳо ҷиҳати гузаштан аз курсҳои такмили ихтисос ва иштирок дар чорабиниҳои илмӣ ба шаҳрҳои Деҳлӣ, Мумбай, Куала-Лумпур, Тифлис, Маскав, Екатеринбург, Қазон, Алмаато, Тошканд, Самарқанд ва ғайраҳо сафари хориҷӣ анҷом доданд;
     — дар соли 2022 дар доираи созишномаҳои ҳамкории бадаст омада, ташкили табодули академии 6 нафар донишҷӯ ба Донишгоҳи миллии Авруосиё ба номи Л.Н Гумилев ва 32 нафар ба Донишкадаи давлатии фарҳанги Қазон мебошад;
    — соли 2022 баҳри татбиқи амалии сиёсати бунёдкорӣ ва созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру супоришҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Донишгоҳ ва филиалҳои он силсилаи корҳои ободонӣ ва таҷдиду сохтмонӣ ба анҷом расонида шуд;
   — соли 2022 нисбат ба соли 2021 шумораи гирандагони Стипендияи президентӣ дар Литсейи донишгоҳ 6 нафар зиёд гардида ба 8 нафар расиданд;
     — соли 2022 бо мақсади ободу зебо гардонидани гирду атрофи Донишгоҳ 350 000 гулҳои мавсимӣ ва дарахтони ороишиву ҳамешасабз шинонида шуданд.
Коллективи меҳнатии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон барои боз ҳам ба дастовардҳои бештар ноил гардидан дар соли 2023, дар доираи вазифагузориҳои раёсати донишгоҳ дар партави дастуру ҳидоятҳои маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳлона ва содиқона баҳри ободии Ватани маҳбуб ва зиндагии шоиста саҳми беназири хешро мегузоранд.