МАЪЛУМОТИ МУХТАСАР ОИД БА ТЕХНОЛОГИЯҲОИ РАҚАМӢ ВА ЗЕҲНӢ СУНЪӢ

Институти технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2024, таҳти №199 бо тасдиқи Оиннома ва сохтори нави донишгоҳ дар заминаи факултети менеҷмент ва технологияҳои рақамӣ таъсис дода шудааст.

Ҳадафи асосии таъсиси технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъи – ин саҳмгузорӣ дар амалисозии дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати гузаштан ба иқтисоди рақамӣ, истифодаи васеи имкониятҳои зеҳни сунъӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ миллӣ ба ҳисоб меравад.

Институти технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ айни замон омодасозии мутахасисонро дар се зинаи таҳсилот бакалавриат, магистратура ва докторантура аз рӯи ихтисоси PhD ба роҳ мондааст. Раванди таълимро дар факултет 3 кафедра (2-кафедраи тахассусӣ, 1 кафедраи умумидонишгоҳӣ) аз рӯи 15 ихтисос бо фарогирии 742 нафар донишҷӯ (139- буҷавӣ баробари 18,73%, 603- шартномавӣ баробари 81,27%) таъмин менамоянд.

Фаъолияти кафедраҳои институт ҷавобгӯ ба меъёрҳои аккредитатсионӣ буда, дар 3 кафедра 32 омӯзгори штатӣ ва 9 нафар омӯзгорони ҳамкори дохила ва ҳамкорони беруна фаъолият менамоянд. Аз шумораи умумии ҳайати профессорону омӯзгорони факултет, ки 41 нафарро ташкил медиҳанд, 21 нафар (баробари 51,2%)-ро устодони дараҷаи унвони илмӣ дошта ташкил медиҳад.

Институт дорои озмоишгоҳҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва озмоишӣ ба монанди зеҳни сунъӣ, синфхонаҳои технологияҳои иттилоотӣ муҷаҳаз бо технологияҳои нави муосир пайваст ба шабакаи интернет бо барномаҳои рақамӣ идорашаванда ва кабинетҳои фаннӣ мебошад.