ИФТИТОҲИ НАМОЯНДАГИИ КАФЕДРАИ ҲАРБӢ ДАР ФИЛИАЛИ ДОНИШГОҲ

    16 апрели соли равон дар доираи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати муҳайё сохтани шароити муосири таълимӣ бо иштироки ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон профессор Асрорзода Убайдулло Саттор дар Филиали Донишгоҳ дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд як қатор марказҳо ва лабораторияҳои таълимӣ мавриди баҳрабардорӣ ва истифода қарор дода шуданд.
     Ҳамзамон, ҷиҳати иҷрои банди 11, Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои Левакант, Бохтар, Кӯшониён, Вахш ва Ёвони вилояти Хатлон аз 14 то 15 декабри соли 2023 баён доштанд, ба фаъолияти намояндагии кафедраи ҳарбӣ дар Филиали Донишгоҳ дар вилояти Суғд (шаҳри Хуҷанд) бо иштироки намояндагони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Сардори кафедраи ҳарбии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳусни оғоз бахшида шуд.
      Ректори Донишгоҳ профессор Асрорзода Убайдулло Саттор зимни сухани ифтитоҳии хеш тамоми омӯзгорону донишҷӯёнро барои амалигардии боз яке аз ҳадафҳои стратегии Донишгоҳ, яъне таъсиси намояндагии кафедраи ҳарбӣ дар филиали Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд табрику муборакбод намуд.
     Қайд карда шуд, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахусус ғамхориҳои пайвастаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи феврали соли 2023 дар арафаи таҷлил аз 30-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ, дар назди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон кафедраи ҳарбӣ ба фаъолият оғоз намуд, ки дар расми ифтитоҳи он масъулини Вазорати мудофиа, роҳбарияти донишгоҳ ва омӯзгорону кормандони кафедраи ҳарбии назди Донишгоҳ иштирок доштанд.
    Вобаста ба зарурати фаъолияти кафедраи ҳарбӣ ректори Донишгоҳ иброз намуданд, ки тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ яке аз масъалаҳои муҳимтарини Консепсияи миллии тарбия ба шумор рафта, кафедраи ҳарбӣ аз рӯи он амал мекунад. Он дар донишҷуён ташаккул додани сифатҳои баланди маънавӣ, сиёсӣ, касбӣ ва рӯҳиро барои иҷрои вазифаи муқаддаси ҳимояи марзу буми ватан бедор мекунад. Аз ин рӯ, афсарони кафедраи ҳарбӣ бояд ҳамаи кӯшишҳои худро ба он равона кунанд, ки ба донишҷӯён хислатҳои ҳамидаи дар боло зикршударо омӯзонанд.
     Таъсиси намояндагии кафедраи ҳарбӣ дар назди филиали Донишгоҳ тақозои замон буда, зимни баргузории машғулиятҳои назариявию амалӣ донишҷўён маълумоти зарурии ҳарбӣ мегиранд ва барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаҷониба омода мегарданд.
Ба хизмати ҳарбӣ ҷалб шудани ҷавонони маълумоти олидор боиси беҳтар гаштани сифати омодагии низомӣ мешавад ва хизмати ҳарбӣ мактаби мардонагию диловарӣ, нангу номус ва ватанпарастӣ буда, ҷавононро рӯҳану ҷисман обутоб медиҳад.
    Ректори Донишгоҳ профессор Асрорзода Убайдулло Саттор бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ миннатдории самимии раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистонро бори дигар барои мусоидат ва ба фаъолият оғоз намудани намояндагии кафедраи ҳарбӣ дар Филиали Донишгоҳ дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба роҳбарияти Вазорати мудофиа баён намуданд.
Ҳамзамон, тамоми роҳбарони воҳидҳои сохтории Филиали Донишгоҳро муваззаф намуданд, ки фаъолияти намояндагии кафедраи ҳарбиро тибқи нақша-чорабиниҳои тасдиқгардида роҳандозӣ намоянд.
    Қайд гардид, ки дар ҳамкорӣ бо Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ медиҳем, то намояндагии кафедра бо захираҳои моддӣ ва адабиёт таъмин гардида, барои фаъолияти пурсамари он шароитҳои боз ҳам беҳтар муҳайё карда шаванд.
Ректори Донишгоҳ аз омӯзгорон даъват ба амал оварданд, ки донишҷӯёнро хуб таълиму тарбия дода, бо роҳи дурусти зиндагӣ онҳоро ҳидоят намоянд ва аз усулҳои муосири таълим, технологияи ҳозирзамон, ки дар пойгоҳи филиали Донишгоҳ мавҷуд аст, дар раванди таълим самарнок истифода намоянд.
Сипас, намояндаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори кафедраи ҳарбии назди Донишгоҳ ва дигар меҳмонон суханронӣ намуданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *