ФАРОҲАМСОЗИИ ПОЙГОҲИ ТАЪЛИМӢ – АЗ ҲАДАФҲОИ СТРАТЕГИИ ДОНИШГОҲ

    ФАРОҲАМСОЗИИ ПОЙГОҲИ ТАЪЛИМӢ – АЗ ҲАДАФҲОИ СТРАТЕГИИ ДОНИШГОҲ
    Роҳбарияти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамвора баҳри саҳмгузорӣ дар раванди амалисозии сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар доираи таҳия ва татбиқи нақшаи чорабиниҳо тадбирҳои судмандро роҳандозӣ менамояд.
Дар ин замина, 16 апрели соли равон ректори Донишгоҳ профессор Асрорзода Убайдулло Саттор як қатор марказу озмоишгоҳҳои таълимиро дар Филиали Донишгоҳ дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд.
   Махсусан, ташкили Маркази таҳия ва татбиқи лоиҳаҳо, Маркази тестӣ ва омӯзиши технологияҳои иттилоотӣ, Бонки таълимӣ, Синфхонаи таълимӣ-методии молия ва қарз ва Синфхонаи таълимӣ-методии фаъолияти гумрукӣ дар Филиали Донишгоҳ, аз иқдомҳои навбатии раёсати Донишгоҳ маҳсуб меёбанд .

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *