Факултети ҳуқуқ ва гумрук

Факултети ҳуқуқ ва гумрук дар сохтори Донишгоҳи байналмиллалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон яке аз факултетҳои асосӣ буда, дар бозори меҳнат яке аз марказҳои тайёр намудани мутахассисони баландпоя маҳсуб меёбад.

Факултети ҳуқуқ ва гумрук аз 3 кафедраи тахассусӣ иборат аст.

Кафедраҳои тахассусӣ:

  • Фаъолити гумрукӣ;
  • Ҳуқуқ;
  • Идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ.

Дар факултети ҳуқуқ ва гумрук айни замон миқдори омӯзгорони асосӣ 30 нафар, ҳамкори дохилӣ 18 нафар ва ҳамкорони беруна 23 нафарро ташкил медиҳанд, ки аз миқдори умумии омӯзгорони асосӣ ва ҳамкори дохилӣ 3 нафар докторони илм, профессор, 13 нафар номзадони илм, 11   нафар омӯзгори калон ва 21 нафар ассистентон мебошанд.

Раванди таълим дар факултет аз љониби деканати факултет идора карда мешавад, ки ба њайати он декан – н.и.и., дотсент Тагаев Б.Ш., муовини декан оид ба таълим – Ибодов Н.С., эдвайзер оид ба таълим – Тавакалов К.Қ. муовини декан оид ба тарбия –Тоиров М., инчунин мудирони кафедрањои факултет, раиси шӯрои методӣ, раиси Шўрои олимон ва муњаќќиќони љавони факултет, раиси Иттифоќи касабаи кормандони факултет, раиси Шӯрои кор бо занон ва духтарони факултет, ва њуљљатгузор шомиланд.

Факултет мутахассисонро аз рӯи чунин ихтисосҳо омода менамояд.

  1. 1-26010100 – “Идораи давлатӣ”,
  2. 1-26010101 – “Идораи мақомоти маҳаллӣ”,
  3. 1-26020106 – “Идоракунии зиддибуҳронии корхона”,
  4. 1-96010100 – “Хадамоти гумрукӣ”,
  5. 1-96010101 – “Таъминоти ҳуқуқии фаъолияти гумрукӣ”,
  6. 1-96010102 – “Таъминоти иқтисодии фаъолияти гумрукӣ”,
  7. 1-240103.02 – “Танзими ҳуқуқи молия ва қарз”,
  8. 1-930101-01- “Фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ (Полиси сайёҳӣ)”,
  9. 1-24010106 – “Хадамоти консулӣ”,
  10. 1-240101-05 – “Ҳуқуқи байналмилалӣ”,
  11. 1-25010205 – “Ҳуқуқи гумрукӣ”,
  12. 1-240103.00 – “Ҳуқуқи иқтисодӣ”.

 ТАЪРИХИ ФАКУЛТЕТ

Факултети гумрук ва њуќуќи иќтисодї (ҳоло факултети ҳуқуқ ва гумрук) аз 01 майи соли 2020, № 15/1 таъсис дода шуда, тибқи фармоиши ректори Донишгоҳ аз 19 майи соли 2020 №109/И ва дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи «Оиномаи МД Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» аз санаи 30 – юми марти соли 2024 №199 факултети ҳуқуқ ва гумрук номгузори карда шуда фаъолият дорад.

СОХТОРИ ФАКУЛТЕТ