АЗ АРАБИСТОНИ САУДӢ НИЗ МЕҲМОНОН БА ФОРУМ ОМАДАНД

Шоми 14 апрели соли 2026 ҷиҳати иштирок дар Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор. Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд.» ҳайати меҳмонон аз Арабистони Саудӣ ба пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе ташриф оварданд.

Меҳмонони олиқадрро дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе намояндагони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо рӯҳияи баланди меҳмондорӣ ва самимияти хосса гарму ҷӯшон истиқбол намуданд.

Зимни истиқбол таъкид гардид, ки иштироки фаъолонаи намояндагони Арабистони Саудӣ дар кори Форум барои таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ, табодули таҷриба ва рушди муносибатҳои дуҷониба дар самтҳои афзалиятнок, аз ҷумла иқтисоди сабз, рақамикунонӣ ва татбиқи технологияҳои муосир, заминаи мусоид фароҳам меорад.

Ёдовар мешавем, ки Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор. Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд.» бо ҳадафи густариши ҳамкориҳои илмӣ ва иқтисодӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва мубодилаи дониш миёни кишварҳо дар шаҳри Душанбе баргузор гардида, меҳмонону коршиносон аз кишварҳои гуногуни ҷаҳонро ба ҳам меорад.

Comments are closed.
Хабарҳо
Бештар