Имрӯз бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва дастгирии Ҳукуматҳои кишварҳо Форуми сеюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид.
Форуми мазкур ба таҳкими ҳамкориҳои илмию таълимӣ ва рушди робитаҳои академӣ байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ду кишвар равона гардидааст.
Дар доираи чорабинии мазкур маросими имзои як қатор созишномаҳои нави ҳамкорӣ байни муассисаҳои таҳсилоти олии ду давлат баргузор гардид.
Дар доираи Форум созишномаи ҳамкорӣ байни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва мероси фарҳангӣ “Роҳи абрешим”, инчунин Донишкадаи иқтисод ва хизмати Самарқанд ба имзо расонида шуд.
Ҳадафи созишномаи мазкур рушди ҳамкориҳои академӣ, густариши барномаҳои муштараки таълимӣ, роҳандозии табодули донишҷӯёну омӯзгорон, инчунин татбиқи лоиҳаҳои муштараки илмӣ дар самтҳои сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизматрасонӣ мебошад.
Бояд иброз намуд, ки чунин иқдомҳо ба таҳкими робитаҳои илмию таълимии байни донишгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон мусоидат намуда, барои омодасозии кадрҳои баландихтисос ва рушди ҳамкории устувори академӣ дар минтақа заминаи мусоид фароҳам меоранд.


















