16 апрели соли 2026 дар меҳмонхонаи «Серена»-и шаҳри Душанбе конфронси байналмилалӣ таҳти унвони «Рушди устувори низоми молиявию қарзӣ дар шароити рақамикунонии иқтисодиёт» баргузор гардид.
Дар кори конфронси мазкур ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, профессор Асрорзода Убайдулло Саттор иштирок намуда, бо маърӯза суханронӣ кард.
Зимни баромади худ, профессор Асрорзода масъалаҳои калидии рушди устувори низоми молиявию қарзиро дар заминаи татбиқи технологияҳои рақамӣ мавриди таҳлил қарор дода, таъкид намуд, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди босуръати иқтисоди рақамӣ, такмили инфрасохтори молиявӣ ва баланд бардоштани савияи рақамии кадрҳо аҳамияти аввалиндараҷа касб менамояд.
Ҳамзамон, мавсуф ба нақши муассисаҳои таҳсилоти олӣ дар омода намудани мутахассисони баландихтисос ишора намуда, зикр кард, ки ҳамкории зич миёни донишгоҳҳо ва бахши молиявӣ метавонад ба рушди устувори иқтисоди миллӣ мусоидат намояд.
Қайд гардид, ки Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар самти ҷорӣ намудани барномаҳои таълимии муосир, татбиқи технологияҳои рақамӣ ва таҳкими робитаҳои байналмилалӣ пайваста тадбирҳои муассир андешида истодааст.
Ёдовар мешавем, ки конфронси мазкур дар доираи Форуми байналмилалии “Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор. Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд.” доир гардида истодааст.






















