Имрӯз нахустин ҳайати меҳмонони хориҷӣ ҷиҳати иштирок дар Форуми байналмилалӣ таҳти унвони «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» ба шаҳри Душанбе ташриф оварданд.
Форуми мазкур, ки рӯзҳои 14–18 апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва бо мусоидати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, яке аз чорабиниҳои муҳими байналмилалӣ ба ҳисоб меравад, ки ба таҳкими ҳамкориҳои гуногунсоҳа ва баррасии масъалаҳои мубрами рушди устувор равона шудааст.
Интизор меравад, ки дар доираи форум беш аз 50 чорабиниҳои канорӣ, аз ҷумла ҷаласаҳои пленарӣ, Саммити ректорони донишгоҳҳои “Сабз”, конфронсҳои байналмилалӣ, мизҳои мудаввар, семинарҳои илмию назариявӣ, олимпиадаи байналмилалӣ, чорабиниҳои варзишӣ, вохӯриҳои дуҷониба ва намоишгоҳҳо баргузор гарданд.
Ҳадафи асосии форум табодули таҷриба, муаррифии иқтидорҳои миллӣ ва ҷалби сармоя барои татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ дар самтҳои иқтисоди «сабз», рақамикунонӣ ва рушди зеҳнии ҷомеа мебошад.
Қабули меҳмонон дар фазои самимӣ ва мутобиқ ба анъанаҳои меҳмоннавозии тоҷикона сурат гирифта, барои баргузории форум дар сатҳи баланд тамоми тадбирҳои зарурӣ андешида шудаанд.
Интизор меравад, ки баргузории чунин чорабинии сатҳи баланд дар шаҳри Душанбе ба густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва таҳкими нуфузи кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ мусоидат намояд.

















