Рӯзҳои 8-9 апрели соли ҷорӣ дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҷаласаи расмӣ ва чорабиниҳои илмӣ-амалии Институти байналмилалии шабакавӣ дар соҳаи муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм таҳти унвони «Таҳсилот ва рушди касбият дар самти муқовимат ба қонунигардонии даромадҳо ва маблағгузории терроризм» баргузор гардид, ки дар кори он намояндагони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо роҳбарии муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Қаландарзода Гулрӯ Сафар иштирок намуданд.
Зимни баромадҳо зикр гардид, ки баргузории чунин ҳамоишҳо ба таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ, такмили низоми таҳсилоти олӣ ва омодасозии мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир мусоидат менамояд.
Ҳамзамон, ин гуна иқдомҳо барои рушди минбаъдаи соҳаи амнияти молиявӣ ва таҳкими заминаҳои илмӣ-амалӣ нақши муҳим доранд.
Дар доираи чорабинӣ барои донишҷӯёни ихтисоси бонкдорӣ мастер-класси омӯзишӣ баргузор гардид, ки ба масъалаҳои мубориза бар зидди маблағгузории экстремизм ва таҳкими амнияти молиявии давлат бахшида шуда буд.
Мастер-класс аз ҷониби устодон Давлатзода Насим, Машокиров Ҷаҳонгир ва Шарифзода Шариф гузаронида шуда, дар рафти он масъалаҳои калидии таҳдидҳои муосир, аз ҷумла роҳҳои пешгирии маблағгузории ғайриқонунии фаъолияти экстремистӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Таъкид гардид, ки амнияти молиявӣ яке аз унсурҳои муҳими амнияти миллии давлат ба ҳисоб рафта, омодасозии мутахассисони баландихтисос дар ин самт аҳамияти аввалиндараҷа дорад.
Дар ин замина, мутахассисони ояндаи соҳаи бонкдорӣ бояд баробари донишҳои касбӣ, инчунин ҳисси баланди масъулиятро дар пешгирии гардиши маблағҳои ғайриқонунӣ доро бошанд.
Дар анҷоми чорабинӣ донишҷӯён дар мубоҳисаҳо ва машқҳои амалӣ фаъолона иштирок намуда, донишу малакаҳои худро такмил доданд.




















