БУНЁДИ ИНШООТҲОИ НАВ БАҲРИ ТАДРИСИ РИШТАҲОИ САЙЁҲИЮ СОҲИБКОРӢ

     БУНЁДИ ИНШООТҲОИ НАВ БАҲРИ ТАДРИСИ РИШТАҲОИ САЙЁҲИЮ СОҲИБКОРӢ
   Мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумла масъалаҳои муҳимтарин медонем.
   Эмомалӣ Раҳмон
    Ҳадаф аз иқтибоси фавқ дар он аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста баҳри баланд бардоштани мавқеи омӯзгор дар ҷомеа ва фароҳам овардани шароти илмомӯзии насли наврасу ҷавон татбирҳои тозаеро рӯйи даст мегиранд. Ташаббусҳое, ки дар ин самт роҳандозӣ гардидаанд, аз сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат шаҳодат медиҳад.
    Боиси хушнудӣ ва сарфарозист, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ соҳаи маориф ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирифта, дастгириҳо ва ташаббусҳои беназир дар ин самт пайваста амалӣ мегарданд.
    Мо, омӯзгорон аз иқдому ташаббусҳои беназири Пешвои муаззами миллат пайваста рӯҳу илҳоми тоза мегирем. Навиде, ки санаи 24-уми майи соли ҷорӣ ба мо расид, боиси хушнудӣ ва сарфарозии аҳли маорифи кишвар, хусусан дӯстдорону алоқамандони риштаҳои соҳаи сайёҳӣ ва соҳибкории кишвар мебошад.
    Ин ҳам бошад, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ аз ноҳияи Данғара барои бунёди филиали Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон санги асос гузоштанд.
  Акнун санаи 24-уми майи соли 2024 ҳамчун рӯзи таърихӣ дониста мешавад. Бояд гуфт, ки бунёди филиали Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон талаботи замон мебошад. Зеро таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар замони ҷаҳонишавӣ талаботи мутахассисон ба соҳаҳои мазкур рӯз то рӯз зиёд гашта истодааст ва дар ин самт андешидани тадбирҳо рӯзмара ва саривақтӣ мебошанд.
   Тибқи иттилооти расмӣ иншооти мазкур барои 3500 донишҷӯ дар як баст пешбинӣ гардида, баробари ба истифода додани он дар марҳилаи аввал 400 нафар бо кор таъмин мегардад. Намои берунаи иншоот бо тарҳи муосир оро дода мешавад. Гуфта мешавад, ки филиали Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара дар баробари синфхонаҳои таълимӣ, ҳамчунин, аз хобгоҳ, маҷлисгоҳ, китобхонаи илмӣ – электронӣ, озмоишгоҳҳо, марказҳо, парки технологӣ, толори варзишӣ, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон иборат хоҳад буд.
   Маҷмааи нави соҳаи илму маориф дар доираи тадбирҳои созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тарҳи муосир ва ҷавобгӯ ба стандартҳои милливу байналмилалӣ дар партави сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани сифати таълиму тарбия мувофиқ ба талаботи ҷаҳони муосир бо истифода аз технологияи “сабз” сохта мешавад.
   Боиси ифтихор аст, ки Пешвои муаззами миллат соҳаи маорифро самти афзалиятнок эълон намуда, онро барҳақ, омили муҳимтарини таҳкими давлат ва наҷоти миллат номидаанд. Хушбахт аз онем, ки дар солҳои Истиқлоли давлатӣ мақому манзалати устоду олим хеле боло рафт. Ин ҳама аз ғамхориҳои Раҳбари давлат ва боварию эътимод ба кормандони соҳа дарак медиҳанд. Чуноне, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд менамоянд: “Миллате, ки омӯзгори асил надорад, ҳеҷ гоҳ ба ягон мартаба намерасад. Ифтихор ва сари баланди мост, ки тоҷикон аз қадим соҳиби китобу қалам, илму маърифат ва олиму омӯзгор буданд, ҳастанд ва дар оянда низ хоҳанд монд”.
   Оре, инҷо як нуктаро метавон махсус қайд намуд, ки ин ҳам бошад 400 нафарро бо кор таъмин намудан дар филиали сохташаванда мебошад. Аз ин бар меояд, ки дар сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат омӯзгор-муаллим мавқеи хоса доранд ва ҳамин аст, ки Роҳбари олии мамлакат маорифро манбаи асосии рушди миллӣ арзёбӣ мекунанд. Қобили қайд аст, ки маориф дар тарбияи қувваи кории соҳибихтисос ва ташаккули иқтидори ҷомеаи босубот нақши ҳалкунанда бозида, таъминоти илм, истеҳсолот, мақомоти идора бо кадрҳои баландихтисос яке аз вазифаҳои муҳимтарини он ба ҳисоб меравад, зеро иқтидори зеҳнӣ ба омили муайянкунандаи рушди ҷомеа мубаддал мегардад. Таҷрибаи байналмилалӣ, дар навбати аввал дар кишварҳои рӯ ба инкишоф нишон медиҳад, ки манбаи асосии рушди босуръати иҷтимоию иқтисодии кишвар таҳсилоти миллат аст.
​   Дар ҳама давру замон фаромӯш набояд кард, ки устувории ҳаёти маънавии ҷомеа, ваҳдату ягонагии миллат аз дилгармии коркунони соҳаи илму техника, маорифу маданият ҳифзи шаъну шарафи онҳо, андозаи иштироки онҳо дар ҳаёти ҳаррӯзаи ҷомеа, ҳамзамон, аз идеологияи пешрафта ва ягонаи он вобаста аст. Мо, омӯзгорон, аз ҷумлаи аъзоёни соҳаи маориф, аз иқдоми навбатии Пешвои муаззами миллат ҷиҳати бунёди филиали Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон хеле хушнуд гашта, кушиш менамоем, аз пештара бештар дар рушди соаи илму маорифи кишвар саҳмгузор бошем. Талош менамоем, ки баҳри омода намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла соҳаҳои сайёӣ ва соҳибкорӣ донишу малака ва маҳорати баланди омӯзгориро истифода намуда, кадрҳои ҷавобгу ба талаботи бозори ҷаҳонии меҳнатро омода намоем.
     Миралиев С.А. – дотсенти кафедраи ҳуқуқи ДБССТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *