Ба Муаллиф

Меню Бар
Синий Дизайн Списка

Дар бораи маҷалла

МАЪЛУМОТ БАРОИ МУАЛЛИФОН

1. Маводи ба нашр пешниҳодшаванда бояд аслӣ буда, дар дигар маҷаллаҳо нашр нагардида бошад. Мавод дар асоси адабиёти илмии муосир бо назардошти навгониҳои илмӣ коркард гардида бошад.
2. Муаллиф(он) ба идораи маҷалла 2 нусхаи мақоларо ба суроғаи 734061, ш.Душанбе, к. Борбад 48/5 оварда мерасонад, инчунин шакли электронии маводро ба почтаи электронии majala.dbsst@gmail.com мефиристад.
3. Маълумот оид ба муаллиф(он) дар охири мақола бо забони русӣ ба таври зерин оварда мешавад:
Абдуллоев Абдулло Абдуллоевич – кандидат экономических наук, доцент, Таджикский государственный университет коммерции, тел: (+992) 234-88-02, E-mail: majala.dbsst@gmail.com
4. Насаб ва номи муаллиф (Фамилия И.О.), номи мақола, фишӯрдаи мақола (то 600 калима), вожаҳои калидӣ (7-10 калима), руйхати адабиёти истифодашуда (то 10 номгуй).
5. Ҳаҷми мақола (ҳуруфчинии компютерӣ) на зиёда аз 0,5 ҷ.ч. (8 саҳ.) бо назардошти шакли А4, ҷадвалҳо ва расмҳо.
6. Мақола дар шакли MS Word, шрифти Times New Roman, андозаи 12, интервали 1. Сохти саҳифа: боло ва поён -2 см, рост -1,5 см, чап -3 см.
7. Ҷадвалҳо, расмҳо ва схемаҳо бояд ғайриранга, дорои рақам ва ном бо нишондоди сарчашма, амсоли [12, с. 77] коркард шавад.
8. Барои ҷадвал ва расмҳо шрифти Times New Roman, андозаи 12, интервали 1 истифода бурда шавад.
9. Воҳидҳои ченак ба таври зайл (м, кг, сомонӣ ва ғ.), сол монанди «с.» навишта мешавад.
10. Нохунакҳои китобӣ («») истифода бурда шавад. Тире бошад (–) ва дефис (-) истифода шавад.
11. Руйхати адабиёт дар охири саҳифа оварда шуда, дар матни мақола истинод дода мешавад. Адабиёти аз забонҳои хориҷа истифодашударо ба забони аслиаш гузошта мешавад ё тарҷума намуда калимаи «тарҷума» илова карда мешавад.
12. Номҳои ширкатҳои хориҷӣ, институтҳои молиявӣ бо ҳарфҳои лотинӣ, бе истифода аз нохунак ва шакли сиёҳ навишта мешавад. Баъди истифодаи насаби олимони хориҷӣ, роҳбарони ширкатҳо ҳангоми истинод надодан, дар қавс бо ҳарфҳои лотинӣ навишта мешавад.
13. Маводҳо (мақолаҳо)-и дорои дараҷаҳои «махфӣ» ё «барои истифодаи хидматӣ» дар маҷалла нашр карда намешавад.
Дар ҳолати зарурӣ ҳайати таҳририя ҳуқуқ доранд, ки ҳаҷми мақоларо то андозаи даркорӣ кӯтоҳ намояд.