МУЛОҚОТ ОИД БА ТАВСЕАИ ФАЪОЛИЯТИ ФАКУЛТЕТИ МУШТАРАКИ ДОНИШГОҲ

Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон вохӯрии намояндагони Донишгоҳ бо директори Мактаби олии “Сайёҳӣ ва меҳмондорӣ” – и Донишгоҳи давлатии сайёҳӣ ва хизмати Россия профессор Бушуева Ирина Викторовна доир гардид.

Дар вохӯрии мазкур аз ҷониби Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муовини аввал, муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ Раҳимов М.А., муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Ҷабборов Ф.А. ва директори Институти илмию тадқиқотии “Сайёҳӣ ва соҳибкорӣ” Ҳошимзода Р.Ҳ. иштирок намуданд.

Дар раванди мулоқот ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои муҳими ҳамкориро мавриди баррасӣ қарор дода, вобаста ба тавсеаи факултети муштараки Донишгоҳ ва татбиқи барномаҳои таҳсилотии муштарак ибрози андеша намуданд.

Лозим ба ёдоварист, ки соли 2021 миёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии сайёҳӣ ва хизмати Россия факултети муштарак таъсис ёфта буд.

Бояд иброз намуд, ки тӯли 5 соли охир факултети муштарак фаъолияти пурсамар дошта, дар омодасозии кадрҳои баландихтисоси соҳаҳои сайёҳӣ, меҳмондорӣ ва хизматрасонӣ нақши назаррас дорад.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки фаъолияти факултети муштарак тавсеа бахшида шуда, дар давраҳои наздик самтҳои ҷадиди ҳамкориҳо роҳандозӣ гарданд.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо бо нишони эҳтиром ва дӯстӣ ба ҳамдигар туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.

Comments are closed.