27-уми феврали соли 2026 бо ташаббуси кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва табиӣ-риёзии Институти сайёҳии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон конфронси илмӣ-амалии байналмилалӣ таҳти унвони «Шоҳнома ва тамаддуни инсонӣ» баргузор гардид.
Ҳамоиши илмӣ бо иштироки олимону донишмандони ватанию хориҷӣ ба таври ҳузурӣ ва маҷозӣ сурат гирифта, ба баррасии ҷойгоҳ ва нақши шоҳасари безаволи Шоҳнома дар ташаккули тамаддуни инсонӣ, худшиносии миллӣ ва таҳкими гуфтугӯи фарҳангҳо бахшида шуд.
Конфронсро муовини аввали ректор, муҳтарам Раҳимов Мирзоҳид ифтитоҳ намуда, таъкид кард, ки ҳадафи аслии ҳамоиш таҳқиқи арзишҳои маънавию ахлоқии осори Абулқосим Фирдавсӣ ва муайян намудани таъсири он ба равандҳои тамаддунсозии ҷаҳонӣ мебошад. Зикр гардид, ки «Шоҳнома» на танҳо мероси фарҳангии мардумони форсизабон, балки ганҷи гаронбаҳои тамаддуни башарӣ буда, дар тарбияи ахлоқӣ, эҳёи арзишҳои инсонгароёна ва таҳкими ҳувияти миллӣ нақши муассир дорад.
Дар ҷараёни конфронс мавзуъҳои муҳими илмӣ, аз ҷумла таҳлили арзишҳои ахлоқиву маънавӣ дар «Шоҳнома», мақоми қаҳрамонони асар дар ташаккули идеалҳои инсонӣ, саҳми он дар рушди забон ва адабиёти форсӣ-тоҷикӣ ва робитаи мероси адабӣ бо равандҳои муосири ҷомеасозӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Адабиётшиносони тоҷик Шарифмурод Исрофилниё ва Мубашшир Акбарзод доир ба масъалаҳои хираду огоҳӣ дар «Шоҳнома» ва аҳаммияти ташаббуси тақдими ин шоҳасар ба ҳар хонадони тоҷик аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон ибрози назар намуданд.
Ҳамзамон, номзади илмҳои филология, устоди Донишгоҳи Фирдавсии Машҳад Шодӣ Шаҷеӣ дар мавзуи “Ҳувийят ва нақши занон дар таъйини сарнавишт дар «Шоҳнома»”, доктори илмҳои филология, профессори Донишгоҳи Ҷавоҳирлаъл Неҳру Сайид Ахтар Ҳусейн дар мавзуи “Гавҳарҳои ҳикмат ва фасоҳати сухан дар «Шоҳнома»”, профессори бахши забони форсии Донишгоҳи Суис Рафъат Ҳусейн доир ба таъсири «Шоҳнома» дар адабиёти форсӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ва пажуҳишгари муассисаи илмӣ-пажуҳишии Донишкадаи Муслими Исломобод Муҳаммад Азим дар мавзуи “Шоҳнома ва адабиёти асотирии ҷаҳон: пайвандҳои фарҳангӣ ва фалсафӣ” суханронӣ намуданд.
Инчунин, доктори илмҳои филология, профессори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Очилова Меҳринисо Илҳомовна дар мавзуи “Тарҷумаҳои арабии «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ” маърузаи илмӣ ироа кард.
Дар қисмати музокира иштирокдорон андешаҳои худро доир ба аҳаммияти миллию таърихии осори Фирдавсӣ баён намуда, саволу ҷавобҳои судманд баргузор гардиданд. Аз ҷумла, омӯзгори донишгоҳ Дайхудо Ваҳдат Умедҷон перомуни ҳунари ҳамосасароии Фирдавсӣ ва ҷойгоҳи он дар таърихи фарҳанги миллӣ изҳори назар намуд.
Дар фарҷоми конфронс тавсияҳо қабул гардида, зарурати густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти таҳқиқи мероси адабӣ ва роҳандозии нашри таҳқиқоти муштарак таъкид шуд. Зикр гардид, ки чунин ҳамоишҳо метавонанд дар таҳкими худогоҳии миллӣ, тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои умумибашарӣ нақши муассир гузоранд.
Конфронс дар фазои созандаи илмӣ ва мубодилаи афкори судманд баргузор гардида, ба таҳкими робитаҳои илмӣ ва фарҳангӣ миёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ заминаи мусоид фароҳам овард. Дар анҷом меҳмонон бо сертификат ва туҳфаҳои хотирмон аз ҷониби раёсати донишгоҳ қадршиносӣ гардиданд.


























