Бо мақсади саҳмгузорӣ дар татбиқи сиёсати давлатии ҳифзи муҳити зист ва дар доираи иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин иқдомҳои созандаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, санаи 01 марти соли ҷорӣ дар маҳаллаи Зафари шаҳри Душанбе ҳашари оммавии ниҳолшинонӣ баргузор гардид.
Ҳашари мазкур бо ташаббуси раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон роҳандозӣ шуда, ба ҳадафи табдил додани Тоҷикистони соҳибистиқлол ба кишвари воқеан сабзу хуррам ва муҳайё сохтани муҳити солими зист барои наслҳои имрӯзу фардо равона гардид.
Дар ин иқдоми ободониву созандагӣ роҳбарият ва теъдоди зиёди кормандону омӯзгорон ва дигар намояндагони донишгоҳ фаъолона ширкат варзида, беш аз 3000 бех дарахтони мевадиҳанда ва сояафкан шинониданд. Ин дарахтон дар оянда на танҳо ба зебоиву таровати муҳити шаҳр ҳусни тоза мебахшанд, балки дар беҳдошти вазъи экологӣ, коҳиши таъсири омилҳои номатлуби муҳити зист ва фароҳам овардани фазои мусоиди фароғатӣ барои сокинон нақши муҳим хоҳанд гузошт.
Қобили қайд аст, ки фарҳанги ниҳолшинонӣ ва эҳтиром ба табиат яке аз арзишҳои муҳими ҷомеаи муосир ба шумор рафта, ҷалби кормандону омӯзгорон ба чунин чорабиниҳо ҳисси масъулиятшиносӣ ва ватандӯстиро тақвият мебахшад.
Раёсати донишгоҳ изҳор дошт, ки иқдомҳои сабзгардонӣ ва ободонӣ минбаъд низ ба таври мунтазам идома ёфта, ҷиҳати саҳмгузорӣ дар рушди инфрасохтори шаҳрӣ ва ҳифзи муҳити зист тадбирҳои мушаххас амалӣ карда мешаванд.

























