БАРГУЗОРИИ МАШҒУЛИЯТИ ТАЪЛИМӢ АЗ ҶОНИБИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДАФОДИЛИ БАНГЛАДЕШ ПРОФЕССОР МУҲАММАД КАБИР

Дар доираи таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи таҳсилот ва табодули таҷрибаи пешқадам дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон машғулияти таълимӣ дар курси 3, ихтисоси 25010400 (гурӯҳи англисӣ) бо иштироки омӯзгори хориҷӣ баргузор гардид.

Дарси мазкур аз ҷониби профессори Ҷумҳурии Бангладеш Мухаммад Кабир, ректори Daffodil International University, гузаронида шуда, зимни он усулҳои муосири таълим ва равишҳои интерактивии омӯзиш истифода гардиданд. Дар ҷараёни машғулият масъалаҳои муҳими марбут ба соҳа мавриди баррасӣ қарор гирифта, донишҷӯён имконият пайдо карданд, ки донишҳои назариявии худро бо таҷрибаи байналмилалӣ ғанӣ гардонанд.

Қайд гардид, ки ҷалби мутахассисони варзидаи хориҷӣ ба раванди таълим яке аз самтҳои муҳими рушди ҳамкориҳои байналмилалии муассиса маҳсуб ёфта, барои омода намудани мутахассисони ҷавони рақобатпазир дар бозори меҳнат заминаи мусоид фароҳам меорад.

Comments are closed.
Хабарҳо
Бештар