МУЛОҚОТИ ПРОФЕССОРИ ҚИРҒИЗИСТОН БО ОМӮЗГОРОНУ ДОНИШҶӮЁНИ АКАДЕМИЯИ САЙЁҲӢ

​13 апрели соли равон дар Академияи сайёҳии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон мулоқоти судманди мудири кафедраи сайёҳии Донишгоҳи миллии Қирғизистон ба номи Юсуф Баласоғун, профессор Курманбек Нарынбек Углу бо ҳайати устодону донишҷӯён баргузор гардид.

​Ҳадафи асосии вохӯрӣ тақвияти робитаҳои байнидонишгоҳӣ дар соҳаи сайёҳӣ, табодули таҷрибаи таълимӣ ва баррасии дурнамои рушди индустрияи меҳмоннавозӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ буд.

Дар ин замина донишҷӯён имкон пайдо карданд, ки дар муколамаи озод ба саволҳои худ оид ба вазъи бозори меҳнати сайёҳӣ дар хориҷ аз кишвар ва имкониятҳои таҳсил дар зинаҳои баъдидипломӣ посухҳои мушаххас гиранд.

Comments are closed.
Хабарҳо
Бештар