11 апрели соли 2026 дар доираи Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз, Рақамӣ, Ҳушманд» дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон мастер-класс бо иштироки профессори Донишгоҳи Уберлендия Ваннеза Бербел баргузор гардид.
Зимни мастер-класс профессор Ваннеза Бербел оид ба низоми ҳуқуқиву қонунгузории Бразилия, манбаъҳои иқтисодӣ ва бахусус сарчашмаҳои фаровони табиӣ, инчунин имкониятҳои рушди соҳаи сайёҳӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуд. Дар баробари ин, ҷанбаҳои истифодаи самараноки захираҳои табиӣ, рушди иқтисоди миллӣ ва таҷрибаи байналмилалӣ дар самти пешбурди соҳаи сайёҳӣ мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифтанд.
Дар ҷараёни мастер-класс донишҷӯёну устодони факултети ҳуқуқ ва гумрук фаъолона иштирок намуда, миёни иштирокчиён муҳокимаҳои судманд, саволу ҷавоб ва табодули афкор сурат гирифт.
Қобили зикр аст, ки дар доираи форуми мазкур баргузории чунин мастер-классҳо бо иштироки профессорону коршиносони хориҷӣ идома дошта, барои таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ, мубодилаи таҷриба ва баланд бардоштани сатҳи донишҳои касбии донишҷӯён заминаи мусоид фароҳам меоранд.












