ТАШРИФИ МЕҲМОНОНИ ОЛМОНӢ БА ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ДУШАНБЕ

12 апрели соли 2026 дар доираи Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд.» ба пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе як ҳайати бонуфузи илмӣ аз Ҷумҳурии Федеративии Олмон ташриф овард.

Дар ҳайати меҳмонон профессорони маъруфи илмӣ аз шаҳри Мюнхен – Татяна Никита ва Мария Вильдероттер ҳузур доранд. Ташрифи онҳо ба форум бозгӯи таваҷҷуҳи афзояндаи ҷомеаи илмии аврупоӣ ба густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самтҳои рушди устувор, иқтисоди “сабз”, рақамикунонӣ ва технологияҳои ҳушманд арзёбӣ мегардад.

Интизор меравад, ки меҳмонони олмонӣ дар ҷаласаҳои илмӣ ва муҳокимаҳои панелӣ ширкат варзида, бо пешниҳоди маърӯзаҳои худ таҷрибаи пешқадами Аврупоро дар соҳаҳои иқтисоди рақамӣ, инноватсия ва ҳифзи муҳити зист муаррифӣ намоянд. Ҳамзамон, баргузории мулоқотҳои дуҷониба бо намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва марказҳои илмии кишвар барои роҳандозии лоиҳаҳои муштарак ва табодули таҷриба дар назар аст.

Ташрифи чунин шахсиятҳои сатҳи баланд ба форум, бешубҳа, ба таҳкими робитаҳои байналмилалии илмӣ ва рушди ҳамкориҳои судманд миёни Тоҷикистон ва Олмон заминаи мусоид фароҳам меорад.

Comments are closed.