ТАШРИФИ МЕҲМОНОН АЗ КОРЕЯИ ҶАНУБӢ ВА ҚИРҒИЗИСТОН БА ДУШАНБЕ

Нимаи дуюми рӯзи 12 апрели соли ҷорӣ профессорон ва донишмандони давлатҳои Кореяи Ҷанубӣ ва Қирғизистон ҷиҳати иштирок дар Форуми байналмилалии “Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор. Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд.” ба пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе ташриф оварданд.

Дар фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе меҳмононро намояндагони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо эҳтироми хоса ва самимияти тоҷикона гарму самимӣ истиқбол намуданд. Зимни истиқбол таъкид гардид, ки иштироки донишмандон ва муҳаққиқони варзидаи хориҷӣ ба ғанӣ гардидани муҳтавои илмии форум ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ мусоидат хоҳад кард.

Ҳайати меҳмонон аз ҷумлаи олимони варзида ва коршиносони соҳаҳои гуногуни илм буда, дар доираи форум бо маърӯзаҳо ва пешниҳодҳои илмии худ вобаста ба масъалаҳои рушди устувор, иқтисоди «сабз», рақамикунонӣ ва татбиқи технологияҳои ҳушманд баромад хоҳанд кард.

Қобили зикр аст, ки Форуми байналмилалии мазкур ҳамчун як майдони муҳими муколамаи илмӣ ва табодули таҷриба миёни муҳаққиқон, намояндагони сохторҳои давлатӣ ва бахши хусусӣ хизмат намуда, ба таҳкими робитаҳои байналмилалӣ ва пешбурди ташаббусҳои инноватсионӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Comments are closed.