ИСТИҚБОЛИ МЕҲМОНОНИ ХОРИҶӢ ДАР ФУРӮДГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

12 апрел ҳамчунин ба пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе меҳмонони воломақом аз Ҷумҳурии Туркия ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷиҳати иштирок дар чорабиниҳои асосӣ ва канории Форуми байналмилалӣ таҳти унвони «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор. Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд.» ташриф оварданд.

Меҳмононро намояндагони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар сатҳи баланд истиқбол гирифта, барои иштирокашон дар ҳамоиши байналмилалӣ изҳори сипос намуданд. Зикр гардид, ки чунин ҳамоишҳо барои таҳкими ҳамкориҳои гуногунҷанба, табодули таҷриба ва ҷалби сармоя ба бахшҳои афзалиятноки иқтисодиву иҷтимоӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд.

Интизор меравад, ки дар доираи форум намояндагони Туркия ва Ӯзбекистон дар муҳокимаи масъалаҳои муҳими марбут ба рушди устувор, иқтисоди «сабз», рақамикунонӣ ва татбиқи технологияҳои ҳушманд фаъолона ширкат варзида, пешниҳодҳои судманд ироа намоянд.

Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор. Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд.» яке аз платформаҳои муҳими муколама ба ҳисоб рафта, намояндагони кишварҳои гуногун, созмонҳои байналмилалӣ ва доираҳои илмӣ-академиро ба ҳам меорад.

Comments are closed.