Нимаи дуюми 13 апрели соли равон ба пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе ҳайати профессорону донишҷӯёни донишгоҳҳои Федератсияи Россия ҷиҳати иштирок дар Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор. Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд.» ташриф оварданд.
Меҳмононро намояндагони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо самимият истиқбол гирифтанд.
Қобили қайд аст, ки дар доираи Форум донишҷӯёни донишгоҳҳои Федератсияи Россия дар Олимпиадаи байналмилалӣ аз рӯйи шаш фан иштирок менамоянд.
Интизор меравад, ки натиҷаҳои Форум ба рушди ҳамкориҳои судманд миёни муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои иштирокчӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки илмӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.









