ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР СОҲАИ ТАҲСИЛОТ ВА ТАБОДУЛИ ТАҶРИБАИ ПЕШҚАДАМ

Дар доираи таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи таҳсилот ва табодули таҷрибаи пешқадам, машғулиятҳои таълимӣ дар ихтисоси 1-25010805 (гурӯҳи англисӣ) бо ҷалби омӯзгорони бонуфуз аз Ҷумҳурии Туркия дар сатҳи баланд баргузор гардида истодаанд.

Аз ҷумла, дарсҳои назариявию амалӣ аз ҷониби доктор, профессор Ersin Gose, ректори Институти AREA дар шаҳри Истанбул ва доктор, профессор Cem Celebi, муовини ректори Институти рушди технология дар шаҳри Измир, роҳандозӣ шудаанд.

Машғулиятҳо бо истифода аз усулҳои муосири таълим, технологияҳои инноватсионӣ ва равишҳои интерактивӣ баргузор гардида, ба баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаҳои касбии донишҷӯён мусоидат менамоянд.

Қобили зикр аст, ки чунин иқдомҳо дар доираи сиёсати рушди ҳамкориҳои байналмилалии муассиса роҳандозӣ гардида, ба боло бурдани сифати таълим ва таҳкими робитаҳои илмӣ-академӣ мусоидат менамоянд.

Comments are closed.
Хабарҳо
Бештар