Дар доираи таҳкими ҳамкориҳои илмию таълимӣ ва байналмилалисозии раванди таълим, дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон силсилаи машғулиятҳои таълимӣ роҳандозӣ гардида истодааст.
Аз ҷумла, профессори Донишгоҳи илмҳои амалии Анхалти Олмон (Anhalt University of Applied Sciences), Татьяна Никита Викторовна барои донишҷӯёни соли аввали ихтисоси 26010100 – «Идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ» машғулияти таълимӣ баргузор намуд. Профессор Татьяна Никита Викторовна бо истифода аз методҳои муосири таълимӣ ва таҷрибаи аврупоӣ, мавзуъҳои муҳимми соҳаи идоракуниро ба донишҷӯён манзур намуд.











