14 апрели соли 2026 дар доираи баргузории Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор. Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд.» дар пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе, барои меҳмонони хориҷӣ ва иштирокчиёни форум Шоми дӯстӣ дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бо шукуҳу шаҳомати хосса доир гардид.
Чорабинии фарҳангӣ бо ҳадафи таҳкими робитаҳои дӯстона, муаррифии фарҳангу суннатҳои миллӣ ва фароҳам овардани фазои самимии муошират байни намояндагони кишварҳои гуногун ташкил карда шуд. Дар он меҳмонони олиқадр аз кишварҳои мухталиф, олимону коршиносон, намояндагони доираҳои илмӣ ва фарҳангӣ иштирок намуданд.
Барномаи шом аз намоиши саҳнаҳои беҳтарини санъати опера ва балет, инчунин баромадҳои ҳунармандони шинохтаи кишвар иборат буда, ба ҳозирин таассуроти амиқ бахшид. Меҳмонон аз маҳорати баланди ҳунармандони тоҷик, ороиши саҳна ва фазои гарму самимии чорабинӣ ба ваҷд омада, онро намунаи олии муаррифии фарҳанги миллӣ арзёбӣ карданд.
Таъкид гардид, ки чунин чорабиниҳо дар баробари муҳокимаи масъалаҳои муҳими рушди устувор, инчунин барои густариши муколамаи фарҳангҳо ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Шоми дӯстӣ дар фазои ҳусни тафоҳум, эҳтироми мутақобила ва дӯстии халқҳо ба анҷом расида, ҳамчун яке аз рӯйдодҳои хотирмони форуми байналмилалӣ дар хотири иштирокчиён боқӣ монд.



























































